Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ЧУН НЕСТӢ ЗИ АҲЛИ НАЗАР...

Эй, ки панҷоҳ рафту дар хобӣ...

Шайх Саъдӣ

Раҳбар наӣ, ба роҳи ҳидоят қадам мазан, 114115 Олим набуда, дам зи ҳудусу қидам мазан.

Чун нестӣ зи аҳли назар, дам мазан зи ишқ,
Миннат, ки мекунӣ, сухане аз карам мазан!

Огаҳ наӣ зи ҳоли дил, эй несттар зи нест,
Беҳуда лофҳо зи вуҷуду адам мазан!

Бар қуллае, ки фатҳ намуданд, по манеҳ, 116 Фотеҳ чу нестӣ, ба сари он алам мазан.

Қозӣ наӣ, қазовати мардум чӣ мекунӣ?
Бехуд ба рӯйи қисмати миллат қалам мазан!

Неъмат наофарида чамон дар чаман шудӣ, 117118119 Эй “Ло”-и лой, бонги “Наъам!” аз ниъам мазан.

Халқи Худойро ситаме гашта адли ту,
Дигар сухан зи адлу ҳадиси ситам мазан.

114 Ҳудус – (исми масдар) [арабӣ, муқобили қидам] [қадимӣ] нав пайдо шудан; воқеъ шудан, амри тоза; рух додан; падид омадани чизи тоза.
115 Қидам – (исми масдар) [арабӣ] [қадимӣ]. 1. Собиқа дар амре; деринагӣ. 2. [муқобили ҳудус] (фалсафа) вуҷуди чизе дар ҷаҳони азал ва бидуни вобастагӣ ба чизи дигар.
116 Алам – [арабӣ] парчам, ливо.
117 Ло - [لا арабӣ] нест, не; но, бе (ба ин маънӣ бештар ҳамчун пешванд бо калимаҳое чун: лоилоҷ, ломакон меояд).
118 Наъам – [نعم арабӣ: муқобили “ло”] бале, оре (тасдиқ).
Ниъам – [نِعَم арабӣ] ҷамъи “неъмат”; неъматҳо.

пешина
аз 151
навбатӣ