Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ҲАМИН АСТ...
112
Бар зулфи ту дил бастаму таҷрид ҳамин аст,
Бар холи ту ҷон додаму тавҳид ҳамин аст.
Лаб баста бирафтӣ, ки зи тан қабз шавад ҷон,
Бар рафтани ҷонам зи ту таъкид ҳамин аст.
Марҳам ба дилам пиставу бодом на, гирдуст,
Бар ҳоли ман оне, ки нахандид, ҳамин аст!
Дар ҳуши шуъурам, чи балоҳо, ки ба по хост!
Бар нуктаи ту он ки биғалтид, ҳамин аст.
Дирӯз ба нохост дилам хост туро боз,
Дар ғафлат аз ин асл, ки тардид ҳамин аст.
Ҷаъфар! Ба ҳарамхонаи ҳайрат гузаре кун!
Таъриф ҳамин аст, ки: танқид ҳамин аст.
Тошканд, марти соли 2021

Таҷрид – якка шудан (яке аз истилоҳоти ирфонӣ).
ГУНОҲ БУД
Имшаб назар ба моҳ накардан гуноҳ буд,
Яъне, ба ту нигоҳ накардан гуноҳ буд.
Ин сафҳаро ба ҳурмати чашмонат, эй санам,
Дар қалби шаб сиёҳ накардан гуноҳ буд.
Дар соясори раҳматат, эй Дӯст, беадад,
113
Бо зикри Ту рифоҳ накардан гуноҳ буд.
Гуфтам, зи “ҳол”-и хеш нависам, ки “хол” шуд,
Бо холат иштибоҳ накардан гуноҳ буд.
Ҳаввои ман! Фаришта набудем... Ғам махӯр:
Дар шаръи мо гуноҳ накардан гуноҳ буд...
Тошканд, 2 июли соли 2021

Рифоҳ – истироҳат; оромиш.

пешина
аз 151
навбатӣ