Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

МО КУҶО...
Мо куҷо, холи лаби ёр куҷо?
Мо куҷо, нуқтаи паргор куҷо?
Давлати ҳаҷр ба мо арзонист,
Мо куҷо, лаззати дидор куҷо?
Баски дил хуфтаи ин дори фаност,
Мо куҷо, дидаи бедор куҷо?
З-он ки худ бори гаронем ба худ,
Мо куҷо, дӯш куҷо, бор куҷо?
Коми мо талх шуд аз заҳри фалак,
Мо куҷо, лутфи шакарбор куҷо?
Улфати мост ҳамин бистари ғам,
Мо куҷо, меҳри парастор куҷо?
Мардикорем дари кибри кабир,
Мо куҷо, нанг куҷо, ор куҷо?
Дафтари хотира шуд пора зи кин,
Мо куҷо, ҳофиза аз пор куҷо?
Тошканд, 6 июли соли 2020
БАСТААМ ДИЛРО
Ба байти матлаъи девони рӯят бастаам дилро,
Саҳаргумкардаам, бар шоми мӯят бастаам дилро.
Ливои боварам, бар халқ ларзон мефишонам даст,
Чу бар шохи баланди обрӯят бастаам дилро.
Ба ҳар дар мезанам “Ё ҳу!” қаландарвор дар ҳаҷрат,
Ба авҷи нокуҷо, яъне ба кӯят бастаам дилро.
Ҳаҷар бар сар маро бодо, ки дар ҳиҷронсарои Ишқ,
Ба ин бечорагӣ бар орзӯят бастаам дилро.
Ба ҳар минбар шавам бар, бар лабам номи Ту меояд,
Чу ман бар шеваҳои гуфтугӯят бастаам дилро.
Умеди хавфноки ман раҷоолуда мепӯяд,
Дар он раҳ, ки ба нодонӣ ба бӯят бастаам дилро.
Камар, Ҷаъфар, ба ҳиммат бастаам, манзил намедонам,
Куҷоӣ, ормон? Бар ҷустуҷӯят бастаам дилро.
Тошканд, 27 ноябри соли 2020

пешина
аз 151
навбатӣ