Ақли бунафш

...ХУРОСОНИ ДИЛАМРО
Дарёфт чу аҳволи парешони диламро,
Зад чанг, ки бо худ бибарад ҷони диламро.
105
Бо абри фироқ ин марази наҳс ниҳон кард
Рухсори ту, яъне маҳи тобони диламро.
То рӯйи гулат буд, шугуфтан тани ман буд,
Оташ бизад афсӯс, гулистони диламро.
Девони дарунам ба нигин даст бибурданд, 106 Дар банд фитонданд Сулаймони диламро.
Аз зулфи ту нолам, ки агарчанд забон дошт,
Пурсид магар ҳоли парешони диламро?
Сад бор задӣ теғи ситам бар дили ҷонам,
Озор мадеҳ бори дигар ҷони диламро!
Ғорат макун, он гуна ки чингизнажодон,
Бурданд ба тороҷ Хуросони диламро.
Тошканд, 12 июни соли 2020
105 Киноя аз вируси “Куруно – 2019”.
106 Талмеҳ ба қиссаи Сулаймон ва девҳо, ки нигини ӯро дуздида буданд..
ҲЕҶ НАМОНД
107 Рафту дар шаҳри дилам ғайри хало ҳеҷ намонд, 108 Дар ҳарими нафасам ҷуз ба вабо ҳеҷ намонд.
Ман, ки бо анҷумани хотираи панҷараҳо, 109 Унс бигрифтаам, аз атри раҷо ҳеҷ намонд.
110
Мавти асвад ҳама ҷо парчами ваҳшат задааст,
Аз нишоту фараҳу савту наво ҳеҷ намонд.
111
Дар мани “Аҳсани тақвим”-и Худованди ҷамил,
Ғайри ҷурму гунаҳу нуқсу хато ҳеҷ намонд.
Табли батлон задани даҳр магар наздик аст,
Мубталоро ба ҷуз аз хайли бало ҳеҷ намонд.
Одаме нест, ки аз одамият дам бизанам,
Чунки дар кавн ба ғайр аз ҳаюло ҳеҷ намонд.
Рӯз чингизвашу шаб ба масал Ҳитлер аст,
Ҳар шабонрӯз ду қатл аст маро... Ҳеҷ намонд...
Тошканд, 13 июли соли 2020
107 Хало – холигӣ.
108 Киноя аз вируси “Куруно – 2019”.
109 Раҷо – умед.
110 Асвад – сиёҳ.
111 Аҳсани тақвим – “Беҳтарин (зеботарин) сурат”. Ишора бо ояи Қуръони карим.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё