Ақли бунафш

ЛАФФУ НАШРИ ЧАҲОР
Аҷаб: қад – сарву мӯ – ҷӯву лаб – олу, чашмҳо – бодом,
Якум сокин, дувум ҷорӣ, се дигар пухта, чорум – хом.
Бибурд он чашму он мижгону он абрӯву он гесӯ,
Зи дил дину зи сар ақлу зи тан ҷону зи рӯҳ ором.
Нишаста дар каминам чашму абрӯ, холу зулфи ёр,
Яке сайёду дигар теғу севвум дону чорум дом.
Дареғо, аз лабу зулфу хату холаш шудам маҳҷур,
Дами субҳу сари зӯҳру гаҳи асру замони шом.
Фироқу ҳаҷру дуриву ҷудоӣ дода ин чорам:
Яке шурбу дигар нуқлу севум сукру чаҳорум ҷом.
Нахоҳад монд, метарсам, аз ин чораш чаҳори ман:
Аз он лаб шаъну з-он чашм ору з-он рӯ нангу з-он хат ном.
Кунун бо чашми чор ин ҷо миёни чор деворам,
Нишаста бар раҳи пайку сафиру қосиду пайғом...
Тошканд, 21 апрели соли 2020
ФОТЕҲАИ ДЕВОН
Байти абрӯи ту шуд фотеҳаи девонам,
Ман, ки тавҳидпарастам, чӣ кунам? Ҳайронам!
Донаи холи лабат дар дили худ коштаам,
Чӣ тавон кард, ки тоҷик – ҳамон деҳқонам.
Мижжа бар ҳам мазан, эй ёр, ба шафқат нафасе,
Ман, ки дар хонаи чашми ту даме меҳмонам.
Ин қадар ноз макун, хаста шуд андешаи ман,
Ки дар ин боғ намонӣ ту, на ман мемонам.
Бе ту дар кохи муҷаллал ҳама дам зору фақир,
Бо ту дар кулбаяки каҳгили худ султонам...
Тошканд, 11 июни соли 2020

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё