Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

...ОРЕ...
...оре... ғуломи бенасаби симу зар шудем,
Дунёшиносу лек худобехабар шудем.
Дар тори анкабути ғараз рӯҳи хешро,
печонда, пойбанд ба суду самар шудем.
Бо нағмаҳои шайтанат олуда гӯши ҳуш,
дар истимоъи амри Худованд кар шудем.
Ӯро шинохтем Раҳиму Карим, лек,
мункир ба қаҳри Ӯву қазову қадар шудем.
...оре... Каломи Ҳақ ба дили мо наёфт роҳ,
ё роҳ мо наёфтаву дарбадар шудем.
Ё бар табори хеш табар барнадоштем?
Ё мо на қотилони абову падар шудем?!
Ҳатто тавофи Каъба ба мо ибрате нашуд,
азбаски бо ғуруру ғараз ҳамсафар шудем.
Иблис тозиёна ба худ мезанад зи рашк,
азбаски дар либоси риё муфтахар шудем.
Қурбони фитнаҳои ҷаҳон гаштаву гаҳе,
бехуду бесарона ба ҳар фитна сар шудем.
Аз зоти мост, ҳар чӣ бало хзезаду вабо,
аз он замон, ки рӯйи Замин мустақар шудем.
Бечораанду рамзада ҳар навъ дому дад,
аз мо, ки сарсилсилаи сад хатар шудем.
Дарвин дурӯғ гуфт, ки бӯзинанисбатем...
Дар курраи Замин зи чӣ ин гуна хар шудем?!
Тошканд, 31 марти соли 2020

пешина
аз 151
навбатӣ