Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

МЕҲРРО ЗИЁДАТ КУН!
Аз баҳонаҳо бигзар, дӯстро аёдат кун,
Қаҳрро зи худ афшон, меҳрро зиёдат кун.
Яу-ду лаҳза меҳмон шав дар дили ғариби дӯст,
Лутф бар ғарибонро ин баҳор одат кун!
Меравӣ, намедонӣ, Каъба чӣ, зиёрат чист?
Рав, ба Каъбаи қалбе соъате ибодат кун.
Аз куҷо шавӣ ҳоким, гар набудаӣ тобеъ?
Аввалан итоъат кун, баъд рав, рашодат кун.
Дар ҳузури саййидон инчунин тафохур чист?
Аҳли фақр шав, в-он гаҳ даъвии сиёдат кун!
Тошканд, 11 марти соли 2020
МАН ЧӢ ГӮЯМ?

Ман чӣ гӯям баъд аз ин, дил рафту нури дин намонд,
Завқи дидори навин аз фарри Фарвардин намонд.

Чор унсури вуҷуд аз чор сӯ побаста шуд, 103 Сурате ҷуз чини абрӯ аз нигори Чин намонд.

Ғунча меларзад ба ҳасрат дар сари шохи дарахт:
Дӯстдоронро чӣ шуд, ё ҳурмати ойин намонд?

Фарқи таъм аз ком рафту фарқи бӯ ҳам аз димоғ,
Накҳати райҳон бирафту нузҳати насрин намонд.

104
Аз таъассубҳои ин “шайхи качал” озурдаам,
Шомро шамъи висолу шаҳрро озин намонд!

Тошканд, 17 марти соли 2020

103 Ишора ба ин ки дар моҳи декабри соли 2019 вируси хатарноки Куруно (Корона) дар Хитой ба вуҷуд омаду ба тамоми дунё паҳн шуд.
Киноя аз вируси “Куруно”.

пешина
аз 151
навбатӣ