Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

АРАФОТ

Сумка, термос ва чатрҳоро бардошта, ба автобус савор шудем.
Лаълии сурхи офтоб ба уфуқи серчангу ғубор фурӯ менишаст. Силсилаи бесаруохири ҳамон сайёраҳои рангабаранге, ки парерӯз кӯчаҳои Маккаи мукаррамаро тамба зада буданд, ҳоло чанги роҳҳоро ба осмон бардошта, ба сӯи кӯҳи муқаддаси Арафот мешитобиданд.
Аз дарун ва боми сайёраҳо садои ҳоҷиён ба гӯш мерасид, ки дуоҳои ҳаҷро бо овози баланд зикр мекарданд. Темурҷонқорӣ дар автобуси мо оятеро сурудвор мехонд.
Ҳаво торик шуд. Аз водии Мино мегузарем. Сар то сари водии васеъро чодиру хаймаҳои ҳоҷиён фаро гирифтааст.
Ҳазорон чодир, ҳазорон хаймаҳои нақшин ва рангоранг.
Ҳоҷиҳо пасфардо ба ин ҷо омада, се шабу се рӯз бо тоату ибодат машғул хоҳанд шуд. Ин хаймаҳоро соҳибони меҳмонхонаҳо, ба ибораи ин ҷо гӯем, соҳибони такяҳо, устувор карда, ба ҳамин тариқа ҷой ишғол карда мондаанд. Хайма назананд, ҷой нест. Ба мо, ки чанд рӯз инҷониб эҳром баста, роли мурдагон ва ба даргоҳи худованд ҳозиршудагонро мебозем, талош барои як порча замин аҷиб менамояд.
Аз канори шаҳрчаи дуюми чодирзор мегузарем, ки ин ҷо кӯҳи муқаддаси Муздалифа аст. Баъди Арафот як шабро бо тоату ибодат дар доманаи ин кӯҳ гузаронидан фарз аст.
Соате дар байни хаймазори шаҳрчаи савум қароргоҳи худро кофтуков мекунем. Одамони Зайнӣ Кӯшак ҷойро бармаҳал ишғол карда бошанд ҳам, то ҳоло фақат ду хайма рост кардаанд халос. Дар хаймаи хурд, ки як тарафаш яла буда, шакли айвонро дорад, сардор бо мӯйсафедон ҷой гирифтаанд. Хаймаи калонтари дувумро меҳмонони ямании Зайнӣ Кӯшак бо занҳошон банд кардаанд.
Мо дар зери осмони кушод ба рӯи як қабат палоси куҳна мехобем. Ба ходае фонуси карасинӣ овехтаанд. Ману Исрофил кулчаҳои аз Маскав овардаамонро бароварда, бо чой хӯрдем.

пешина
аз 247
навбатӣ