Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Термоси ман хушрӯи нафис бошад, ҳам фақат чаҳор пиёла чой мебарад. Хайрият, Исрофил термоси дулитрӣ харида будааст. Гӯё медонистааст, ки дар он дунё ҳам эҳтиёткорӣ аз шартҳ ои зарурии рӯзгор аст.
– Имрӯз дувуми май, – гуфтам ман.
– Ҳа, дувуми май, – оҳи сабуке кашида гуфт Исрофил.
– Дар Тоҷикистон дарахтони мева аз гул фаромаданд. Сабзаи дашту саҳро, барги дарахтон зумуррад барин тоза, ботароват.
– Ҳа-а, мад кашида гуфт Исрофил ва тасдиқкунон сар ҷунбонид. – Саҳрову ҷангали диёри ман ҳам ҳозир бисёр дилрабо шудагӣ.
– Чӣ хосияте ҳаст, ки дар ин ҷо бӯи замин ба димоғ намерасад. Дар Душанбе, хусусан баъди борони баҳорон, бӯи замин касро масту махмур мекунад.
– Урусӣ гап назанед! – бонге баланд шуд аз он сӯи палоси мо. Ин овози мулло Абдурозиқҷонака буд.
Исрофил нимхез шуда, зоҳиран, чизе гуфтанӣ буд ва андеша мекард, ки чӣ бигӯяд.
– Ноиб-ур-раиси муҳтарам, – гуфтам ҳамчун ба забони русӣ қасдан ба ҳама шунавонида, – қоидаи ҳаҷро оид ба озор надодани шахси дигар ман чанд рӯз инҷониб риоя мекунам.
Аммо баъзе ҳамсафарон риоя намекунанд. Ту бояд чорае биандешӣ.
– Урусӣ гап назанед, мегӯям! – амри худро чуноне ки дар каъбатуллоҳ карда буд, бо иддао ва хашм такрор намуд Махсуми миҷмиҷдаҳон.
Бо ҳамсафарони бошқирд, қазоқ ва тоторам ба русӣ гуфтугӯ накунам, ба даҳонам қулф занам? Таки дари тиллокории худо ҷои баҳс набуд. Аммо ҳоло ба махсум ҷавоб бояд дод. Оё рубоии машҳури ибни Синоро дар бораи доноёни
1 ҷоҳил бихонам? Ғайр аз тотору бошқирдҳо дигар ҳамаи инҳо

1
Духтур яқин рубоии зерини Абӯалӣ ибни Синоро дар назар дорад:
Бо ин ду-се нодон ки чунон медонанд.
К-аз ҷаҳл донои ҷаҳон эшонанд.
Хар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харӣ
Ҳар к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд.

пешина
аз 247
навбатӣ