Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Боз оби дидагони мӯйсафед ба рухсори сероҷингаш, ба ришу мӯйлаби сафедаш ҷорӣ гашт. Ин ашки ормон буд, ашки ҳиҷрон, ашки ҷудоӣ аз ватан. Ин қатраҳои талх маҳсули ҳамон хатое буд, ки умрбод ислоҳнопазир хоҳад монд. Шахси ҷалои ватаншуда аз ҳар мамлакати дигар метавонад ба ватани худ баргардад. Бо ҳазор азобу уқубат бошад ҳам, илоҷи баргаштан ҳаст. Ҳатто аз Испанияи Франко, аз Иттифоқи Ҷануби Африка бо тадбире баромада, ба ватан баргаштан мумкин. Аммо аз ин ҷо не.
Афсонае ба ёдам мерасад, ки дар бачагӣ падарам гуфта буд. Дар кадом як гӯшаи дунё шаҳре будааст, ки ба он ҷо омадан ҳасту рафтан нест. Зан мурад, шавҳари зиндаашро ҳамроҳ ба қабристон мебаранд, шавҳар мурад, зани зинда мондаашро. Қонуни шаҳр фақат ҳамин қадар раҳм мекунад, ки ба ҳамсари зинда барои чил рӯз озуқа ва об оварда, дар паҳлуи қабри шарикаш мемонанд. Кас агар аз ин диёри шум фирор карданӣ шавад, аъзои баданаш тор кашол шуда рафтан мегирад, то тамому адо шудан. Ана ҳамин дарди ҷонкоҳ қуфлу кишанест дар пои ҳар касе ки аз тақдири мудҳиши худ гурехтан мехоҳад.
Оре, ҳеҷ афсона бидуни асосе, ки дар зиндагонӣ дошта бошад, бофта намешавад. Ҳар муболиғаро дар ҷаҳон оғозе ҳасту анҷомест.

пешина
аз 247
навбатӣ