Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

даҳ такрор мекардем. «Аз худат эҳтиёт бош, ҳамсояро дузд мадор» – мегӯянд мақоли халқ. Ин ҷо шаҳри Уфа ё Душанбе нест. Агар дуздии дуздеро ба субут расонида натавонед, ба ҳолатон маймунҳо хоҳанд хандид.
Дар «хона» маро мулло Иброҳими Ҳоҷӣ мунтазир будааст.
Пирамард гуфт, ки имрӯз бегоҳӣ вай низ ба Арафот меравад. Ӯ ҳар сол ҳаҷҷи худро такрор мекунад. Баъди Арафоту Мино сари қадам ба Маккаи мукаррама даромада, пас ба Мадинаи мунаввара бармегардад. Хонааш дар он ҷост. Мо, ки иншооллоҳ ба оромгоҳи пайғамбар рафтем, мулло Иброҳим боз ба суҳбатамон ҳозир хоҳад шуд. Ҳоло илтимос мекунад, ки дар бораи диёраш ба ӯ камтар нақл кунам.
Ман ба Ленинобод ду сол пеш рафта будам. Он чи ки ба хотирам расид, ба мӯйсафед ҳикоят кардам. Маълум буд, ки ба ӯ дар бораи Хуҷанди собиқ ҳар сол ҳоҷиҳои мо нақл мекунанд. Лекин вай аз ҳикоят дар бораи ватани худ ҳеҷ сер намешуд, аз афти кор. Ё шояд дар ягон гӯшаи дилаш шубҳае дошт, ки дар замони ҳокимияти советӣ шаҳрҳои қадим хароб нашуда, балки обод мешуда бошанд. Охир, маълумоте ки муҳоҷирон соли дароз аз радиои «Садои Америко» мегиранд, маҳз ҳамин гуна манзараро тасвир месозанд.
– Бозорҳо манъ карда шудаанд, мегӯянд… – оҳиста савол дод пирамард, то ки ба нафси ман нарасад.
Қаср – бозори нави Панҷшанбеи Ленинобод – яке аз зеботарин, бошукӯҳтарин бозорҳои колхозии Иттифоқи Советиро ба ӯ тасвир кардам. Дар бораи қасри муҳташами колхози «Москва», комбинатҳо, заводҳо, конҳо, театр, табобатхона, институт ва мактабҳои ин шаҳр нақл кардам.
Дар бораи шуҳрати ҳамшаҳриёни ӯ – ҷарроҳони ҳунарманд Комил Тоҷиев, Зокир Хоҷаев ва духтурони дигар нақл кардам. Гуфтам, ки ҳамшаҳрии ӯ Султон Умаров президенти Академияи фанҳои Тоҷикистон аст. Бобоҷон Ғафуров дар Маскав роҳбари Институти халқҳои Осиё шуда кор мекунад. Китобҳои нависанда Раҳим Ҷалил ба бисёр забонҳои СССР ва хориҷа чоп шудаанд…

пешина
аз 247
навбатӣ