Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Исрофил, бародар, бубахш маро. Ба худо ки равои озоратро надорам. Дар таки девори каъба нишастаем. Бовар кун.
– Хайр, ба гузашта салавот, – гуфт Исрофил пиёларо ба даст гирифта ва хаёле табассумкунон илова намуд: – Ҳарчанд, ки барои ту чӣ қимате доштани девори каъбаро фаҳмида истодаам.
Аз сайри раставу бозор баргашта, қариб ба манзил расида будем, ки ҳамшаҳрии Исрофил аз пасамон ҳарсасзанон омад.
– Андак сабр кунед, – гуфт ӯ. – Шумо ба пули ин ҷо сарфаҳм меравед ё не?
– Кам-кам.
– Маро мевафурӯш фиреб дод, аз афташ. Нигоҳ кунед, ба вай як коғази даҳриёлӣ додам, чор дона афлесун гирифтам.
Ана ин қадар бақия гардонид.
1 Дар дасти мулло Зулфиқор чаҳор риёлу чор куруш пул буд. Ӯро расо ба панҷ риёл фирефтаанд. Дар даст пул дошта бошеду чӣ қурбе доштани онро надонед ҳам, савдои мушкил будааст. Ё шояд саҳв шуда бошад: даҳриёлиро панҷ риёл пиндошта бошанд?
Мудохилаи мо суде наовард. Ҳарчанд бо имову ишора осмон, девору манораҳои каъбаро нишон дода, виҷдони мевафурӯшро ба ҷунбиш оварданӣ мешудем, таъсире набахшид.
Баръакс дукондорони дигар ба сарамон ҷамъ омада, баъзеашон ба нодонӣ, баъзе дигар ба туҳматгарӣ айбдор мекарданд.
Дар олами савдо қонуне ҳаст: мол, чек ё бақияи пулатонро аз фурӯшанда дур нарафта шуморед. Вагарна додатонро ба худо гӯед. Ҳоло дукони мевафурӯши муғамбир дар таки дарвозаи каъбатуллоҳ воқеъ гашта бошад ҳам ва арзу эътирози мулло Зулфиқор ба гӯши парвардигор, бешак, расида бошад ҳам, натиҷае ҳосил нашуд.
Ману Исрофил аз ин воқеа сабақ гирифта, ба омӯзиши забони арабӣ, алалхусус шумора ҷиддӣ машғул шудем.
– Воҳид, иснен, салоса, арбаа, хамса, ситта… – гӯён аз як то

Куруш – пули танга. Бист куруш – як риёл.

пешина
аз 247
навбатӣ