Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Дарвозаи калонеро дида, Исрофилро ба он сӯ кашола кардам, то бубинам, ки дар он ҷо чи ҳаст. Дар ҳавлии саройшакле чизе ба монанади қаҳвахона ҷойгир шуда будааст. Рӯи сарой, зери ду айвони дароз аз мизҳо ва курсиҳои оҳанӣ пур буд. Ҷои холӣ ёфта нишастем.
Дар як гӯша тақрибан панҷоҳ адад чилим гузошта буданд. Чилимҳои хурду калон, чилимҳои одии аз каду сохташуда ва мисини кунгуракорӣ. Баъзе чилимҳо ба ҷои наи дудкашӣ рӯдаҳои дарози резинӣ доштанд. Ин гуна чилимро оташ дода дар мобайни давра мемонанд ва аҳли суҳбат рӯдаро бо навбат ба даҳон гирифта тамоку мекашанд. Дар ин диёр, ки силу мараз ҳар сол умри мардуми бисёреро хазон мекунад, ин хел чилими даврагӣ бешубҳа, ёрдамчии хуби ҳазрати Азроил будагист.
Мо чой фармудем. Дар Арабистон чои ширини фомил менӯшиданд. Шакарро ба чойник андохта меоранд.
– Ман дида истодаам, ки ба ҳамаи ин чизҳо хуш надорӣ, – ногаҳон ба гап даромад Исрофил. Қошу қавоқи ӯ ҳамчунон овезон буд.
– Ба кадом чизҳо? Ту чиро гуфта истодаӣ?
– Давоми ҳамон гапро. Аз ду шамшер савол дода будӣ-ку.
– Э ака, ту ҳам гапро кашол кардӣ-ку. Думи гурба порсол сӯхту бӯяш имсол омад.
– Не, ука, акнун гӯш мекунӣ. Ҳамин қадар одамро монда, ман домани туро дошта гаштаам. Ту ана ҳаминро ягон бор мулоҳиза кардӣ ё не?
Исрофил пиёлаи дар дасташ бударо ба рӯи миз монда, ба дигар тараф рӯй гардонид.
«Тарошаи дағал! Кундаи гаранг!» – худро дашном медодам ман. Аҳволи оила, ботини пуризтироби ҷӯраамро фаромӯш карда, боз ӯро озор додаам. Дили ин мардаки шӯрбахт аз он ки ман тасаввур мекардам, басе нозуктар будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё