Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Исрофил, чаро тамғаи инҳо якбора ду шамшер дорад?
– Чаро аз ман мепурсӣ?
– Аз кӣ пурсам? Ту муллоӣ, китобҳои диниро бисёр хондаӣ…
– Ман ба ҳар ҳол граждани СССР ҳастам.
– Тавба, ҳеҷ кас туро фуқарои Португалия ё Иттифоқи Ҷануби Африка нагуфтааст.
– Ту қариб, ки ҳамин тавр гӯӣ.
– Девори намкаш будаӣ.
– Аммо ҳафтафаҳм не.
– Ана халос!
Дар байни растаҳо муддате хомӯш қадам мезадем. Сайёраронҳои ин ҷо аҷаб мардуми бебоканд. Дар кӯчаҳои тангу тори каҷалак, ки аз харобаҳо, велосипедронон, машкобҳо, пиёдаҳои кӯзаву сабад бар сари бепарво рафтуокунанда пуранд, бо суръати камаш 45-50 километр-соат парида мегузаранд. Гоҳо сайёраи сабукрави давлатманде аз пиёлаи чой ё чилими фавворазанон дуд бароварда истодаи ягон нашъаманд дар масофаи як қади гӯгирд паррон гузашта меравад. Рост, ки гоҳ-гоҳе кӯзаи машкоб пора-пора шуда ҳамроҳи обаш ба рӯи пои кайҳо боз собунро надидаи ӯ мерезад. Ё велосипедроне аз зарбаи ногаҳонии қаноти сайёра худ ба ҷонибе, велосипедаш ба ҷониби дигар парида меравад. Вале шӯру ғалмағали доимии раставу бозор фарёди якта-нимта ба таки сайёра мондаро дарҳол фурӯ бурда, ба рӯи фоҷиа пардаи фаромӯшӣ мекашад.
Баъзе ҳоҷиёни давлатманд бо ҳар чаҳор зани худ омаданд.
Мард қоз барин савлаткунон пешопеши онҳо меравад. Зани калонӣ аз бари эҳром ё дасти шавҳар доштааст. Зани дуюм аз як гӯшаи чодири зани калонӣ, савум аз паси дуюм ва чаҳорум дар поёни қатор. Дар Душанбе, дар қарибии хонаи мо пеш артели инвалидҳои нобино буд. Ҳар гоҳ ки онҳо ба кӯча бароянд, ҳамин тавр аз доману дасти якдигар дошта, қатор шуда мегаштанд.

пешина
аз 247
навбатӣ