Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Шахсе ним соат ба арабӣ ваъз гуфт. Худи воизро касе намебинад, фақат овозаш бо радио ба саҳни ҳарам ва атрофи он паҳн мешавад. Ҳамсафарони пири мо агарчанде ба ягон ҷумлаи нутқ сарфаҳм намерафтанд, ба риққат омада, мунтазам калла меҷунбониданд ва оби дида мерехтанд.
Баъд муфтии аз Туркия ба ҳаҷ омада ба забони худаш дар бораи вазифаҳои олами ислом маърӯза кард. Овозаш басе ширадор буд, вале аз мантиқи нутқаш бӯи мағор меомад. Ӯ ба ҳамон оҳанг сухан мекард, ки 42-сол муқаддам лашкаркаши ислом Анвар пошшо аввалҳо дар сӯҳбати ҷаддидони шаҳри Бухоро, сонитар дар ҷамъомадҳои контрреволютсияи Бухорои Шарқӣ маърӯзаҳо мекард.
Ман ин нуқтаро ба Исрофил гуфтам.
– Баъд Анвар пошшо чӣ шуд?
– Падару бародарони мо аз дидори амиру пошшоҳо сер шуда буданд. Пошшои нохондаро низ пеш карданд. аммо ӯ нарафт ва дар ҷанг кушта шуд.
Муфтии турк тахмин як соат гап зад. Муллои бошқирд сухани ӯро хуб мефаҳмид, аммо ҳар қадар бештар шунавад, чеҳрааш ҳамон қадар тиратар мегардид ва беқаророна ба ин сӯву он сӯ менигарист, ки ин имтиҳони ғайринавбатӣ кай ба итмом мерасида бошад.
Ба манзил омада, вермишелшӯрбо тановул кардем. Кассир ба дасти ҳар кадомамон панҷ долларӣ пул дода гуфт, ки дар дукони сарроф ба пули Арабистон иваз карда гирем. Исрофил пули худро дар як дукон иваз намуда, дарҳол якта тасбеҳи саддона харид. Ман ба саррофи дигар пул иваз кардам ва ӯ ба ман як риёл зиёдтар дод. Мо фаҳмидем, ки қимати пул ҳам ба инсофи сарроф вобаста будааст.
Ба рӯи ҳамаи пулҳои Арабистон – чи коғазӣ ва чӣ танга акси дарахти хурмо ва дар заминаи он ду шамшери ба таври чиллик рӯи ҳам гузошташуда нақш ёфта буд, ки ин тамғаи давлат будааст. Дар як давлати хурди тараққӣ нокарда ин қадар нишонаҳои ҳайбату салобати ҷангҷӯёна… Барои тарсонидани одам-ку якта шамшер ҳам кифоя аст. Рост-дия, агар одам буздил набошад, ба рӯи пулатон, байрақатон, дару деворатон расми ҳазор шамшерро кашед ҳам, ақаллан абруяш хам намехӯрад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё