Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мақсад аз баррасии ин мавзуъ пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва ҷалби онҳо ба касбу кори гуногун мебошад. Ҷавонон имрӯз тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳсил дар хориҷа ва дигар роҳҳо ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ шомил шуда истодаанд.
Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ба монанди «Ал - қоида», «Давлати исломӣ», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ҳаракати толибон», «Ҳизбуллоҳ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», ХНИТ ва ғайраҳо ҷавононро фирефтаи доми худ кардан мехоҳанд ва барои расидан ба ин мақсад аз дилхоҳ роҳҳои мамнуъ истифода мебаранд.
Пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонону сокинон ба созмонҳои террористиву экстремистӣ ва огоҳ намудани онҳо аз хатарҳои гурӯҳҳои ифротӣ вазифаи муассисаҳои таълимӣ, волидон ва ҷомеа мебошад. Пайдоиши ифротгароӣ барои инсоният ҳамчун як фоҷиаи мудҳиш муноқишаҳои зиёдеро ба бор оварда, аз замонҳои қадим то имрӯз барои ҷомеаҳои ором яке аз хатарҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Ба ақидаи коршиносон, мақсади террористон қатлу куштор, ба даст овардани маблағ, иғво андохтан дар байни динҳо, нобуд кардани осори таърихӣ, халалдор намудани сиёсати давлат ва бар зидди давлату миллат омода намудани ҷавонон мебошад.
Имрӯз террористон аз номи мубораки дини Ислом баромад намуда, ҷавонони сустиродаро ба зудӣ фирефтаи доми худ менамоянд. Баррасии масъалаи терроризм ва экстремизм дар шароити имрўза бо иштироки наврасону ҷавонон ва аҳолӣ актуалӣ буда, дар ошкор намудани ҳадафу мақсаҳои террористон ва роҳҳои пешгирии он мусоидат мекунад. Аз ин хотир моро мебояд, ки ҷавонону сокинонро дар кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин намоем, ҳангоми ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани онҳо суҳбату назорат ва чорабиниҳои мухталифро доир намоем, то фирефтаи намояндагони гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ нашаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромаду суханрониҳои худ, хоҳ дар дохили кишвар, хоҳ дар сатҳи байналмилалӣ дар бораи терроризму экстремизм ва хавфу хатари он ҳарф зада, барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб чораҳои зиёд меандешанд.

пешина
аз 194
навбатӣ