Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ШИНОХТИ ГУРЎҲҲОИ ИРТИҶОӢ МУҲИМ АСТ
Хатарҳои геополитикии ҷаҳони муосир, паҳншавии фаъолияти терроризм ва экстремизм, мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурўши одамон ҳамоно аз мавзуъҳои мубрами рӯз дар ҷомеаи муосир арзёбӣ мешаванд.
Яке аз ин зуҳуроти номатлуб, ки дар ҷомеаи муосир доман паҳн кардааст, ташкил ва фаъолияти гурўҳҳои иртиҷоӣ мебошад. Бо вуҷуди гузаронидани чорабиниҳои мухталиф миёни сокинон, аз ҷумла ҷавонон, шомилшавии онҳо ба гурўҳҳои ифротгаро аз масъалаҳои ташвишовар боқӣ мемонад. Сабаб ва омилҳои асосии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои даҳшатафкану ифротгаро гуногун арзёбӣ шуда, муҳимтарини онҳо сатҳи пасти маърифати диниву ҳуқуқӣ, ҷаҳоншиносиву инсондўстӣ ва амсоли инҳо шинохта мешавад.
Имрӯз терроризм ва экстремизм ба тамоми мардуми сайёра хатарҳои нав ба нав эҷод карда истодааст. Ҳамаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва сарони давлатҳо барои пешгирӣ аз амалҳои террористиву экстремистӣ талошҳои зиёд карда истодаанд. Дар баробари ин ҳамарӯза дар воситаҳои ахбори омма барои пешгирӣ аз ин хатари ҷаҳонӣ маводи зиёд ба нашр мерасанд, ки чӣ будани ин гурўҳҳои ифротгароро шарҳу тафсир медиҳанд. «Маъмулан, имрӯз дар муошират, дар забони илм ва воситаҳои ахбори омма ифротгароиро «экстремизм», тундравиро «радикализм» ва даҳшатафканиро «терроризм»
мегӯянд. Аз ифротгароии динӣ то терроризм қадаме беш нест.
Мушкил он аст, ки ифротгароии динӣ ба руҳия ва ахлоқи инсон, муносибати ӯ ба муҳит ва робитаҳои ҷамъиятии шахс таъсири бисёр ҷиддӣ мегузорад», - қайд намудаанд коршиносони соҳа. Ба қавли коршиносон, нахустин маротиба дар сатҳи байналмилалӣ масъалаи мубориза бар зидди терроризм соли 1934 дар Лигаи миллатҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин ба куштори шоҳи Югославия Александри I ва вазири корҳои хориҷии Фаронса Луи Барту вобаста буд. Ин куштори сиёсие, ки дар шаҳри Марсели Фаронса ба амал омад, аз ҷониби террористи булғорӣ Владо Черноземский ба вуқуъ пайваст.

пешина
аз 194
навбатӣ