Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз ҷумла, таъкид доштаанд: «Забон дар ҳама давру замон барои муаррифии миллат рукни муҳим ва муқаддас ба шумор рафта, поку беолоиш нигоҳ доштани он вазифаи ҳар як соҳибзабон ва шахси ватандўст мебошад. Арҷ гузоштан ба забони давлатӣ ва риояи меъёрҳои он шароит фароҳам месозад, ки балоғат ва фасоҳати забон густариш ёбад, сохтори он такмил гардад ва қонунмандии рушди забони давлатӣ тақвият ёфта, инкишофи бонизоми он таъмин карда шавад». Ин гуфтори пурҳикмат ҳар яки мо - соҳибзабононро даъвату водор мекунад, ки ҳамеша арҷгузори забони худ бошем ва барои покизагию ҳифзаш ҳиссагузорӣ намоем!
Дар охир мехоҳам бо як байти шоири соҳибистеъдоди тоҷик Саидҷамол Зиёӣ фикри худро ҷамъбаст намоям:
Шумо, ки ворисони рўзгоред,
Забони тоҷикиро пос доред.
МАНБАИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Худшиносиву худогоҳӣ ҷузъи муҳимми бунёду таҳкими миллату давлат эътироф гардида, барои расидан ба ормонҳои миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад. Китоби «Уфуқҳои истиқлол»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз муътабартарин маъхазҳоест, ки дар баробари аз рушду инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ дар 25 соли соҳибистиқлолӣ иттилоъ додан, дар таҳкими донишу ҷаҳонбинӣ, дунёи маънавию ахлоқӣ ва худшиносии мардуми ҷомеа мақоми хосса дорад. Ин асари бузурги илмию таҳқиқотӣ аз ҷониби муҳаққиқону донишмандони дохиливу хориҷӣ ҳамчун василаи таҳкимбахши ифтихори миллӣ ва дарки воқеияти таърихӣ пазируфта шудааст.
Дар ҳар як давру замон ҷавононро ояндаи дурахшони миллату давлат ва давомдиҳандагони кори падарон мегўянд, ки ин дарвоқеъ, дуруст аст. Миллати ориёитабори тоҷик дар тули таърихи бисёрсолаи худ ҷавонони бонангу номусро дар тамоми риштаҳо парвардааст, ки то имрўз таърихи башарият аз онҳо бо некӣ ёд мекунанд. Хизматҳои нобиғагони миллати тоҷик, аз ҷумла Абуабдуллои Рўдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон, Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва қаҳрамониҳои Деваштичу Темурмалик, Спитамену Муқаннаъ, Восеъ ва амсоли ин василаи пайравии ҷавонони имрўзаи Тоҷикистон мебошад. Зикр намудан зарур аст, ки ҳар яке аз ин чеҳраҳои сиёсиву ҷамъиятӣ ва илмиву адабӣ дар ташаккули донишу ҷаҳонбинии мардуми ҷомеа, хосса ҷавонон, нақши хосса доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид ёдовар шудаанд, ки: «Имрўз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом бирасонем.

пешина
аз 194
навбатӣ