Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Қонуни мазкур забони давлатиро забони тоҷикӣ эътироф намудааст. Иҷрои Қонуни забон дар кишвар аз муҳимтарин масоили сарнавиштсози миллат маҳсуб меёбад.
Имрўз ҳар як фард наку дарёфтааст, ки истиқлоли комили кишвар, ин истиқлоли комили забон, тозагӣ, рушду нуму ва ғановату фасоҳати он мебошад. Хеле хуш аст, ки аз файзи истиқлолу осоиштагӣ, имрўз масоили забон дар радифи масоили муҳими сиёсӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Яъне Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил соҳиби забони худ аст.
Қонуни мазкур муносибат ва масъулияти шаҳрвандонро нисбат ба забони давлатӣ бештар намуда, меъёри гуфтугўи забони адабиро ба низом медарорад. Дар моддаи 9-уми қонуни зикршуда омадааст: “Дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидои касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ омӯзиши ҳатмии забони давлатӣ таъмин карда мешавад”. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоту сохторҳо барои рушду оммавият касб намудани забони тоҷикӣ низ пайваста чораҳо меандешанд. Бояд қайд намуд, ки дар раванди гузариш ба сохти нави давлатдорӣ мақому эътибори забони тоҷикӣ ба он ҳадде афзуд, ки дар давоми чандин даҳсолаи асри гузашта ба ин андоза инкишоф наёфта буд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ ва маънавии халқи тоҷик маҳз ба воситаи забони тоҷикӣ ба даст омаданд, ки ин аз бузургиву шаҳомати забони давлатӣ дарак медиҳад. Дар кишвар тамоми симпозиуму конфронс ва ҳамоишу чорабиниҳои сатҳи баланд бо забони тоҷикӣ ташкил ва гузаронида мешаванд, ки аз шуҳрати ҷаҳонӣ касб намудани забони модарӣ дарак медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои хеш пайваста ҳамагонро ба эҳтироми забони модарӣ ва саҳеҳу амиқ омўхтани он даъват менамояд ва ин забони нобро самимона ситоиш мекунанд.

пешина
аз 194
навбатӣ