Нигоҳи чашму дил

Дар ин роҳи пуршараф чопи осори гаронбаҳои академик Бобоҷон Ғафуров барои барафрўхтани эҳсоси ватандўстӣ ва ифтихори миллӣ мадад хоҳад расонд». Бешак, чунин хизматро асарҳои Пешвои миллат, хосса «Уфуқҳои Истиқлол»-и ў баҷо оварда метавонад.
Имрўз мо бояд ҳар чи бештар аз хизматҳои арзишманди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли наврасу ҷавони кишвар қисса намоем, то онҳо ба қадри сулҳу суботи сартосарӣ, ваҳдату иттиҳод бирасанд ва ин неъмати басо арзишмандро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Ҷомеаи муосир мушкилоту муаммои зиёдеро дар пай дорад, ки бешак, яке аз муҳимтарини онҳо бархўрди фарҳангу тамаддунҳо мебошад. Дар ин низоъву кашмакашиҳо бисёре аз миллату давлатҳо аз асли худ фарсахҳо дур рафта, ба тарбияи ахлоқии насли наврасу ҷавони кишвар таъсири бад расида истодааст.
Китоби «Уфуқҳои Истиқлол»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ
– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро барои шинохти ин ҳама зуҳуроту падидаҳо, ҳодисаву воқеаҳо роҳнамоӣ мекунад. Яъне, ҳар хонандаи закӣ аз ин китоби муътабар бардошти хуби маънавӣ ҳосил менамояд. Ҳоло, ки фурсат дар даст ҳаст, бояд дар тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар аз чунин манбаъҳои боэътимод, хосса китоби «Уфуқҳои Истиқлол», мақсаднок истифода бурда шавад. Гуфтан мумкин аст, ки маҳз мутолиаи амиқи чунин асарҳои арзишманд метавонад дар ташаккули донишу ҷаҳонбинии мо таъсири бузург расонад ва дар баробари таҳкиму тақвияти эҳсоси ватандўстӣ ва ҳувияти миллӣ дар ҳифзи дигар арзишҳо низ заминагузор бошад.
Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷавонони худшиносу худогоҳ ва соҳибмаърифати кишвар баҳри ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон дучанд фаъолият намуда, натиҷаҳои меҳнатиро дар ҳамаи самтҳо боз ҳам тақвияту густариш медиҳанд. Дар ҳақиқат, китоби «Уфуқҳои Истиқлол»- и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манбаи боэътимоди донишу маърифат, таҳкимбахши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ буда, барои натанҳо насли наврасу ҷавони кишвар, балки дигар қишрҳои ҷомеа муҳим мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё