Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Нисбати забони шевою дилкаши тоҷикӣ олимону донишмандони ҷаҳон баҳои баланд додаанд. Забон аз ҷумлаи воситаҳои асосиву муҳимми мухобираи байни одамон буда, барои дарки мақсад ва ояндабинии раванди ҷомеа аҳаммияти хосса дорад.
Забони тоҷикӣ дар давоми мавҷудияти худ борҳо аз ҷониби аҷнабиён мавриди тазъиқу фишор қарор гирифтааст. Маҳз фарзандони фозилу дурандеши миллат бо таваҷҷуҳ ва ғамхории пайваста дар рушду оммавӣ гардидани забони тоҷикӣ нақши арзишманд гузоштаанд, ки инро метавон чун намунаи олии ватандорӣ шинохт. “Забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмуи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад ва яке аз арзишмандтарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои оянда арзёбӣ мегардад”, - зикр доштаанд Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Дарвоқеъ, хушбахт халқу миллатест, ки бо забони модарии худ андеша карда, мулоҳиза менамояд, таҳлилу баррасӣ мекунад ва суҳбат менамояд. Забон ҷавҳари ҳаёт ва бақои умеди миллат аст. Яке аз вазифаҳои забон ин аст, ки шахсро бо ниёгонаш пайванд кунад. Аз рўи таҳқиқу таҳлилҳои муҳаққиқон, забони тоҷикӣ дар даврони Сомониён инкишоф ёфта, ба авҷи аъло расидааст. Инчунин баъд аз солҳои тулонӣ мутафаккирони мо зери истилои аҷнабиён қарор доштанду барои ташаккули забони модарии худ ҷаҳду талош карда, забони аслиро ба пояи забони давлатӣ бардоштанд. Ба таъбири муҳаққиқ Муҳаммадиев М., “Забони тоҷикӣ таърихи дуру дароз ва таркиби луғавии мураккабу бое дорад. Ин забон дар гузашта ҳамчун забони бои умумиистеъмолӣ аз тарафи халқҳои дигар қабул шуда буд”. Аҳли хирад забонро муҳимтарин омили ҳастӣ ва бақои миллат донистаанд.

пешина
аз 194
навбатӣ