Нигоҳи чашму дил

Забондонӣ нишонаи фарҳангу хирад аст, ки барои роҳкушоии маънавиёти ҳар як инсони соҳибдилу дурандеш мусоидат мекунад. Аз ин рў, донистани забони давлатӣ барои тамоми сокинони кишвар ҳатмӣ аст. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҳаматарафаи забони ноби тоҷикӣ шароити мусоидро фароҳам овард. Яъне, аҳаммияти Истиқлоли давлатӣ дар он аст, ки забони тоҷикиро аз забони хонаводагӣ ба забони миллӣ, коргузорӣ, сиёсӣ ва давлатӣ табдил дод. Ин забон ҳоло баробари Парчам, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ яке аз рукнҳо ва рамзи муайянкунандаи миллату давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои хеш пайваста ҳамагонро ба эҳтироми забони модарӣ ва саҳеҳу амиқ омўхтани он даъват менамояд ва ин забони нобро самимона ситоиш мекунанд. Аз ҷумла таъкид доштаанд: «Забони тоҷикӣ бо гузашти асрҳо ҳамчун омили ваҳдат ва ифтихори миллӣ дар давлатдории навини мо дар мақоми забони давлатӣ қарор гирифт. Ҳар як фарди соҳибзабон бояд забони модарӣ ва ба воситаи он ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллии худро ҳифз кунад ва гиромӣ дорад. Ҳеҷ набояд фаромӯш кард, ки забони модарӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, сарчашмаест, ки инсонро ба асолати миллӣ пайванд медиҳад».
Бешак, ин гуфтори пурҳикмат ҳар яки мо - соҳибзабононро водор мекунад, ки ҳамеша арҷгузори забони модарии худ бошем ва барои покизагию ҳифзаш ҳиссагузорӣ намоем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё