Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Забон муҳимтарин воситаи алоқаи байни одамон буда, дирўзро бо имрўз ва имрўзро бо фардо пайванд мекунад. Забони тоҷикӣ мавқею манзалати худро миёни дигар забонҳои дунё бештар касб намудааст, ки ин мояи ифтихору сарфарозии ҳар як соҳибзабон аст.
Бояд гуфт, ки дар ин росто нақши олимону донишмандони соҳаи забоншиносӣ, омўзгорони фанни забони тоҷикӣ, волидайн ва кормандони воситаҳои ахбори омма хеле назаррас аст.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус бамаврид қайд намудаанд: “Акнун замоне фаро расидааст, ки мардумро бештар бо намунаҳои беҳтарини осор ва забони ноби тоҷикӣ ошно созем, асолати забонро барои ворисони он, бахусус насли ҷавон, бозгӯ намоем ва забони асили адабиро, ки замоне бо ҳадафҳои ғаразнок ҳамчун забони куҳна маҳкум гардида буд, ба мақому мартабаи пешини он боз гардонем”.
Дар замони ҷаҳонишавии фарҳангу тамаддунҳо ҳифзи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла забони тоҷикӣ ва рушду такомули он барои ҳар фард муҳим ва зарур аст. Тавре аз таърихи пурифтихори гузаштаамон аён аст, забони тоҷикӣ дар тули қарнҳо аз имтиҳони мушкил гузашта, асолату манзалати худро то ба имрӯз нигоҳ дошта меояд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ “Забони миллат – ҳастии миллат” ба маврид қайд намудаанд: “Забон дар маҷмуъ як қисмати муҳим ва ё ба ибораи дигар як бахши нигорандаи таърихи халқи мо буда, оинаест, ки дар он роҳи дуру дарози тайкардаи халқи тоҷик бо ҳама шебу фарози он инъикос ёфтааст. Аз мутолиаи он мо дар бораи бисёр ҷанбаҳо ва масъалаҳои муҳимми ҳаёти гузаштагони хеш иттилое ба даст меоварем, ки ҳатто таърихнигорон ба онҳо камтар таваҷҷуҳ кардаанд”. Забони тоҷикӣ дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ асолати худро нигоҳ дошта, барои ҳифзу таҳкими манфиатҳои миллӣ ва дӯстиву рафоқат хизмат карда меояд. Дар давраҳои гуногуни таърихӣ забони тоҷикӣ забони илму фарҳанг, забони шеър ва маҳфилороӣ буд ва имрӯз ҳам ба ҳайси унсури ваҳдатсозу тамаддунофар пазируфта шудааст, ки ин аз мақоми шоиста доштанаш дарак медиҳад.

пешина
аз 194
навбатӣ