Нигоҳи чашму дил

Забони тоҷикӣ солҳост, ки диққати муҳаққиқони хориҷиву ватаниро ба худ ҷалб намудааст, ки ин аз қадру манзалати зиёд доштани он дар миёни дигар забонҳои ҷаҳон дарак медиҳад.
Дар ҳадду сарҳадшиносии ҷаҳон Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
Дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва рушди ҷомеа соҳаи маънавиёт ва сатҳи забондонию забоншиносии мардум низ боло рафт, ки ин таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудан ба ин муқаддасоти миллӣ мебошад. Забоншиносӣ ҳамчун илм дар ҷомеаи муосир шакл гирифта, тамоми самту паҳлуҳои он мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтааст.
Забон аз ҷумлаи дастовардҳои азими инсоният дар тули мавҷудияташ ба ҳисоб меравад, ки то кунун марҳалаву зинаҳои гуногунро паси сар намуда, то ба имрӯз ҳамчун воситаи муоширату баён шинохта мешавад. Ба омӯзиш ва таҳқиқи забоншиносӣ донишмандону муҳаққиқон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, асарҳои зиёде ба мерос мондаанд, ки аз онҳо васеъ истифода мебаранд. Яке аз муҳаққиқон Норматов М. дар ин маврид қайд намудааст: “Забоншиносӣ ва лингвистика илмест, ки дар бораи забон, моҳият ва функсияҳои ҷамъиятии он, сохти дохилӣ, инчунин тараққиёти таърихӣ ва таснифоти забонҳои дунё маълумот медиҳад. Забон воситаи муҳимтарини муоширати байни одамон аст, аз ин рӯ, бе забон ҷамъият вуҷуд надорад, зеро яке аз омилҳои пайдоиши инсон забон мебошад. Забон дар тамоми фаъолияти гуногунсоҳаи одамон ҳамчун воситаи муошират, ҳамчун воситаи ифодакунандаи фикр, ҳиссиёт ва ирода хизмати босазо ва арзандаеро адо мекунад. Забон бо ҷамъият алоқаи зич дорад, онро бе ҷамъият ва ё ҷамъиятро бе забон тасаввур кардан мумкин нест. Забон ба аъзоёни ҷамъият чун воситаи муносибат, чун воситаи бавуҷудоваранда ва амалкунандаи фикр, чун воситаи ифодаи ҳиссиёту ҳаяҷон ва идрок хизмат мекунад”. Забон рукн ва пояи миллату давлат буда, рушду густариши тамоми бахшу соҳаҳои хоҷагии халқ аз забондониву забономӯзӣ ва эҳтиром ба ин муқаддасоти миллӣ сарчашма мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё