Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳама гуна сарвати табиӣ, аз ҷумла пиряхҳо, ба ҳифз ниёз доранд. Дар ин самт гузаронидани чунин чорабиниҳо, аз қабили аксияи «Пиряхҳои худро ҳифз намоем» аҳаммияти махсус касб мекунад. Бояд ҳамаи мо дар ҳифзи захираҳои табиӣ, аз ҷумла пиряхҳо, саҳмгузор бошем».
ЗАБОН – ВОСИТАИ МУАРРИФИИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ
“Донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш мебошад. Насли имрӯз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огоҳӣ дошта бошанд”, – қайд намудааст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати сартосарӣ ба рушду густариши тамоми бахшу соҳаҳо, аз ҷумла таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ифтихор доштан аз таъриху тамаддун, саҳм гузоштан дар фарҳангу адаби кишвар ва эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ замина гузошт. Маҳз бо туфайли таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, аз ҷумла забони давлатӣ бештар гардид, ки ин муносибат ба ковишҳои илмиву таҳқиқотӣ оид ба ин муқаддасот мусоидат кард. Забони модарӣ дар таъриху тамаддун ва фарҳангу адаби миллати ориёитабор ҷойгоҳи хоссае дорад, ки барои рушду такомули он дар ҳама мараҳалаҳои таърихӣ таваҷҷуҳ бештар будааст.
Аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, ки забони тоҷикӣ таърихи беш аз шашҳазорсола дошта, бо ин забон олимону шоирон ва эҷодкорони зиёде асарҳои мондагор офаридаанд, ки имрӯз ҷомеаи башарӣ аз онҳо васеъ истифода мебаранд.
Махсусан, китобу рисолаҳои Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолидини Балхӣ, Закариёи Розӣ, Умари Хайём, Абурайҳони Берунӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва садҳои дигар ҳамчун манбаи донишу хирад пазируфта шудаанд. Таълиф гардидани китобу рисолаҳои зиёд бо забони тоҷикӣ-форсӣ аз мавқеи баланд доштани забони тоҷикӣ дарак медиҳад.

пешина
аз 194
навбатӣ