Нигоҳи чашму дил

Дар садсолаи охир аз яхҳои обшудаи ин ҷазираи яхин сатҳи оби уқёнуси ҷаҳон 50 миллиард тона зиёд шуд. Ҳар сол ин ҷазира 17,
6 километри квадратӣ болопўши яхини худашро аз даст медиҳад. Дар ин ҳолат ба аҳолии бисёр кишварҳо хатари обхезӣ таҳдид мекунад. Ин хатар пеш аз ҳама ба Ҳолланд, Белгия, Олмон, Фаронса, Покистон, Бангладеш, Ҷазираҳои уқёнуси Ором таҳдид мекунад. Гармшавии ҳаво ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, низ бетаъсир намемонад. Дар назар дошта шудааст, ки ин тағйирёбии иқлим дар солҳои наздик ба нобудшавии даҳҳо намуд ҳайвонҳои хоси минтақаҳои хунуки дунё, аз қабили моржҳо, тюленҳо ва хирси сафед сабаб мегардад».
Маҳз дар ҳамин замина, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзуи омўзиши сабабу омилҳои обшавии пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ намуда, дар Паёми зикр кардаанд, ки: «Тибқи маълумот аз 14 ҳазор пиряхҳое, ки дар кишвари мо ба қайд гирифта шудаанд, дар давоми 40 соли охир бо сабаби гармшавии иқлим ҳазор пирях аз байн рафтааст ва ин раванд солҳои охир босуръат идома дорад. Бо назардошти чунин вазъ, Академияи илмҳо дар сохтори худ Маркази омўзиши пиряхҳоро таъсис дода, бояд нишонгирии доимии пиряхҳо ва дигар сарчашмаҳои обии кишварро ба роҳ монад».
Умуман, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалӣ намудани сиёсати об дар муқоиса ба дигар кишварҳо ташаббускор буда, ба ин васила дар таҳкими дӯстиву рафоқат миёни кишвару давлатҳои минтақаву ҷаҳон ва пешгирии вайроншавии экосистемаи табиат, ки он ба ҳаёти инсоният хатарҳо эҷод мекунад, саҳми назаррас дорад.
Мардуми шарафманди кишвари азизамон аз пазируфтани ташаббуси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид оид ба соли 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо хушнуд буда, баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои гузошташуда саҳмгузорӣ менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё