Нигоҳи чашму дил

Бояд қайд намуд, ки дар ҳамоиши 11-уми сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Истамбул Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми арзёбии масъалаҳои марбут ба вазъи ҳифзи муҳити зист, пешгирии баландшавии ҳарорати ҳаво дар сайёра аз давлатҳо даъват карда буданд, ки пешниҳоди Тоҷикистонро дар бораи «Таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар сатҳи ҷаҳонӣ дастгирӣ намоянд. Дар робита ба ин, ҷомеаи имрўзаи ҷаҳониро лозим аст, ки оид ба тағйирёбии иқлим, ки асоси он ба обшавии аз ҳад зиёди пиряхҳо вобаста аст, дар сатҳи байналмилалӣ симпозиуму конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор ва дар ин самт тадбирҳои судмандро ҳарчи бештар амалӣ намоянд.
Ба иттилои донишмандони соҳа Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози мавҷудияти манбаъҳои бузурги табиӣ, аз қабили пиряхҳо, кўлу дарё ва дар маҷмуъ, обҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна ҷойи намоёнро ишғол мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонист, аз тағйирёбии иқлим, хосса обшавии пиряхҳо дар канор буда наметавонад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрўзҳо аз ҷониби давлатҳои бузурги саноатӣ партовҳои зиёди зараррасон ба табиат ирсол карда мешаванд, ки ин ҳама ба дигаргун шудани муҳити зист сабаб мегарданд, ба он таъсири манфӣ мерасонанд ва боиси ба вуҷуд омадани ҳар гуна ҳодисаҳо, аз қабили гармии аз меъёр зиёд, обшавии пиряхҳо, баланд шудани сатҳи оби уқёнусу дарё ва кўлҳо, фаромадани ярчу обхезиҳо ва амсоли он мегардад. Ҳамчунин ин гуногуниҳо ба экосистема ва олами зинда таъсири ҷиддӣ мерасонад. Дар робита ба ин дотсенти кафедраи экологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Ҷумъа Бердиев чунин қайд намуд: «Олимон исбот кардаанд, ки дар рўи Замин ҳарорати ҳаво ҳар сол ду дараҷа гарм мешавад. Аз гармшавии ҳарорати ҳаво обшавии пиряхи бузурги Гренландия хеле афзудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё