Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 947 дарёи дарозияшон аз 10 то 300 км мавҷуд аст, ки ҳамаашон кӯҳиянд. Дарозии умумии ин дарёҳо қариб 30000 км аст ва дар давоми як сол аз онҳо 60 миллиард метри кубӣ об ҷорӣ мешавад. Тавре ки медонем, имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 750 миллион одамон ба оби тозаи нӯшиданӣ ва 2,5 миллиард ба шароити санитарӣ дастрасӣ надоранд.
Офатҳои табиии марбут ба об ҳар сол ба ҳисоби миёна ба андозаи беш аз 60 миллиард доллари амрикоӣ хисорот оварда, хӯшксолӣ ва биёбоншавӣ ба сарчашмаҳои воситаҳои зиндагии зиёда аз 1 миллиарду 200 миллион одам таҳдид мекунанд. Миёни зиёда аз 30 давлати ҷаҳон вобаста ба масъалаи марбут ба об ва захираи обӣ муноқишаҳои сиёсӣ мавҷуданд, ки ин боиси нигаронии башарият гардидааст. Об дар ҳаёти ҳар мавҷудоти зинда мавқеи назаррас дорад ва бидуни он рушду инкишоф намеёбад. Ҳамин аст, ки ҳамеша мо дар суҳбату гуфтугӯ “Обу ободонӣ”, “Об - манбаи ҳаёт”, “Об ва пешрафт”, “Об асоси рушди устувор” ва амсоли инро истифода менамоем. Имрӯзҳо бо мақсади самаранок истифода намудани об дар тамоми соҳаҳо, бахусус соҳаи кишоварзӣ методу усулҳои муосир истифода гашта истодаанд, ки ин албатта боиси дастгирӣ мебошад. Истифодаи усули қатрагӣ дар кори кишоварзон, ин пеш аз ҳама, ба пешгирии ғайримақсадноки об, вайроншавии таркиби хок ва ба ин васила ҳосили дилхоҳ рӯёнидан мусоидат мекунад.
Пешрафту шукуфоӣ ва рушду инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва ниҳоят кишварҳову минтақаҳо ба об, хусусан оби тозаи ошомиданӣ, вобастагии зиёд дорад. Дар ин самт, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кишварест, ки дар муқоиса ба дигар кишварҳо ба ин масъалаи муҳимми сайёра таваҷҷуҳи бештар дорад. Қайд намудан зарур аст, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфтани “Даҳсолаи байналмилалӣ амал об барои рушди устувор барои солҳои 2018- 2028” қадамест назаррас дар ин ҷода, ки онро аксари кишварҳо дастгириву ҷонибдорӣ намудаанд. Дар ин ҷода ташкил ва баргузор намудани симпозиуму конфронс ва нишастҳои сатҳи баланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавқеи назаррас касб намудани ин соҳа дар сиёсати давлатӣ дарак медиҳад.

пешина
аз 194
навбатӣ