Нигоҳи чашму дил

Асосан обҳои ширин барои обёрии растаниҳои дастпарвар ва гирифтани ҳосили баланд истифода мешаванд. Тахмин меравад, ки барои обёрии заминҳои корам дар солҳои наздик ҳамон миқдори обҳои ширин истифода мешаванд, ки он дар як сол ба 7000 км3 баробар аст.
Ба қавли муҳаққиқон, ҳоло якчанд пешниҳодҳо барои истифодабарии сарчашмаҳои оби тоза мавҷуданд. Яке аз чунин сарчашмаҳо пиряхҳо ба ҳисоб мераванд. Реҷаи обии ноҳияҳои пиряхҳо на ҳама вақт ба талаботи хоҷагӣ ҷавоб дода метавонад.
Бинобар ин, вазифаи бо роҳи обкунии сунъӣ барпо кардани обанборҳои пиряхӣ, инчунин сохтани бардама дар соҳилҳои дарёҳо меистад. Вале дар хотир доштан лозим аст, ки барои барқарор кардани мувозинаи массаи пиряхҳо 20-30 сол лозим аст. Дар қисми ҷанубии кишвари Красноярск, Забайкале, вилояти Амур «обёрии бардама» истифода шуда истодааст. Вай барои 1,5-2 маротиба зиёдшавии ҳосилнокии растаниҳои кишоварзӣ имконият медиҳад. Ҳудудҳои камоб бисёр вақт захираи оби зеризаминӣ доранд, аммо онҳо шӯртаъманд. Он гоҳ бо таври сунъӣ ширинкунии оби шӯр ба воситаи яхкунонии сунъӣ лозим мешавад”.
Истифодаи об вобаста ба афзудани аҳолӣ ва ҷойгиршавии он дар шаҳрҳо ва марказҳои саноатӣ зиёд мешавад. Дар ин рӯзҳо аз панҷ як ҳиссаи аҳолии сайёра аз нарасидани оби ширин танқисӣ мекашанд. Дар навбати аввал ин ба аҳолии шаҳрҳои калон ва марказҳои саноатии давлатҳои мутараққӣ тааллуқ дорад. Саноат оби бисёрро талаб мекунад ва сабаби нарасидани он барои инсоният ва ҳамаи организмҳои зинда мегардад.
Масалан, барои гудозиши 1 тонна чӯян ва табдили он ба оҳани тоза 300 м3 об, 1 тонна никел 4000м 3 об, 1 тонна каучук 3600 м 3 об, 1 тонна капрон 5600м 3 об сарф мсшавад. Миқдори зиёди об барои ҳал ва дур кардани боқимондаҳои пасмондаҳо сарф мешавад, ки он дар солҳои наздик ба 34 фоизи талаботи солонаи инсоният ба оби ширин рост меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё