Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сӯхт аз оташу хокистари ӯ нест падид, Ҳамчу ман шамъ дар исботи ғамаш ҳайрон аст».
Ин гуфтаҳои устод Гулрухсор аз он дарак медиҳад, ки шеъри устод Озар дар дили ҳазорон ҳаводорони адабиёту санъат ва каломи ноби тоҷикӣ маскан гирифтааст, ки ҳамчунин баҳои баландро аз ҷониби шеършиносони барҷаста сазовор гардидааст. Устод Камол Насрулло дар яке аз мақолаҳои худ бо унвони «Шеър дар мадрасаи сабзи чаман», ки дар ҳафтномаи «Адабиёт ва санъат» нашр шудааст, фикрҳои худро оид ба шеъри Озар ба таври хосса баён доштааст: «Бо таваҷҷуҳи хосса шеърҳои Озарро вақте мутолиа кардам, ки мебоист дар маҳфили шеърии ӯ раисӣ мекардам. Китоби ӯ «Гуфтугӯи нахлу моҳ»-ро кушодам ва хостам аз шеърҳои аввал, ки ғазалҳо буданд, шеъреро интихоб кунам, ки дар он симои шоир дар тоблуи замон инъикос шуда бошад ва мехостам бо чунин шеъре ба маҳфил ҳусни оғоз бахшам. Ва ҷолиби таваҷҷуҳ буд, ҳар ғазале мехондам, чунин хусусиятро дошт ва ҳар яке мегуфт: маро бихон. Одатан ин ҳолат кам рух медиҳад, кам шоиреро метавон ёфт, ки шеъраш симои зоҳириву ботинии шоирро инъикос намояд. Аммо баъдтар вақте ки тамоми маҷмуаи ашъори Озарро хондам, дарёфтам, аксари шеърҳои ӯ чунин сифатро доранд.
Онҳо пораи зиндагии шоиранд ва то ҷое симои маънавии ӯро таҷассум мекунанд. Ва банда ин китобро кушодам ва шеъреро, ки рӯ ба рӯ омад, хондам:
Баҳор имрӯзҳо монанди ман чашми таре дорад, Ба ҳар ҷо бингарам, аз ашк ғамгин манзаре дорад.
Чӣ шуд бо осмон, бо шоири рангинкамонэҷод?
Тиҳӣ аз шеърҳои офтобӣ дафтаре дорад.
Магар ошиқ бувад монандаи ман осмон имсол?
Парешон ҳасту ҳар соат хаёли дигаре дорад.
Ғубори ғуссаро бо бода мешӯяд дили нозук, Ҳамеша гул зи тарҳи сурати худ соғаре дорад Намепурсам сабаб бар гиряҳои осмон, Озар, Ки медонам миёни абрҳояш Озаре дорад».

пешина
аз 194
навбатӣ