Нигоҳи чашму дил

Шеъри Озар ба тамоми хастӣ комилан саршор аз каломоти обнахӯрда, наву шоирона аст ва сазовор ба таҳсину офарин мебошад. Чунонки мо шоҳид гардидем, шоирон ва мунаққидони адабиёт ба ашъори ин шоири боистеъдоду навпардоз дар нақдҳои худ баҳои арзанда додаанд. Роҷеъ ба истеъдоди шоирии устод Озар шоири муҳаққиқ, профессор Рустам Тағоймуродов низ баҳои баланд додааст. Чунончи: “Аз ашъори Озар дар китоби “Хурмои эътиқод” эҳсос мегардад, ки шоирӣ мавҳибате аст, ки на ба ҳар кас муяссар аст. Шеър гуфтан ихтиёриву иқтисобӣ ҳам нест, балки сухани шеърӣ нузул шудани фикру андеша ва илқои амре аз сӯи Худованд ба дилу забони шоир аст, илҳому талқиноти ғайбӣ барои ҳар кас даст намедиҳад. Бинобар ин, мо бар он боварем, ки Озар дорои табъи баланди нозима буда, сарнавишт барояш ин атияи Яздониро арзонӣ доштааст”.
Албатта, шоирона сухан гуфтан хеле душвор аст ва на ба ҳар кас муяссар мегардад, ки андешаҳои баланд дар қолабе рехтаву манзури хонанда намояд. Шеър дар баробари истеъдод донишу ҷаҳонбинии васеъ ва масъулияту огоҳона гуфтанро низ тақозо мекунад. Устод Озар дар маҷмуаи «Сарви дуо» рисолати шоир ва таъсири суханро чунин баён намудааст:
На субҳ омаду ин шеъри ноби нур навишт, Шаб аз ситорасуханҳо китоби нур навишт.
Шаби ситорасуханро Худош арҷ диҳад, Паноҳ кард гуноҳу савоби нур навишт.
Ту шеъри нуриву ойина аст ин дили ман Ва ойина битавонад ҷавоби нур навишт.
Яқин ба ғамзаи хунрези ӯ ишорат дошт Қалам, ки зери ду чашмат сароби нур навишт.
Ҳакими Тӯс шафақ буду шед Суҳробаш, Зи хуни дида ба Шаҳнома боби нур навишт.
Аз ин рӯ, аз намунаҳои шеъри устод маълум мегарданд, ки онҳо дорои чунин хусусият мебошанд. Ҷойи дигар профессор Тағоймуродов Рустам қайд намудаанд: “Хушбахтона, Озар, ки андеша ва калимотро пас аз сӯхтану сохтан дар коргоҳи ҳунарии зеҳни худ ба марзи шеър устодона мерасонад, мунтаҳои гумшудаи хешро дар ойинаи шеър пайдо мекунад, забон дар даҳонаш гӯё маҳз барои гуфтани шеър офарида шудааст, зеро забони ашъораш ҳамеша бархӯрдор аз вақти шоирона ё худ лаҳзаи илҳом аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё