Нигоҳи чашму дил

Аз табиати ахгарии илҳом низ огоҳ аст.
Ин ахгар гоҳе ҷарақае аз худ гузошта хомӯш мешавад, гоҳи дигар гулханҳои ҷовидона меофарад. Вазну низоми суханро барои сурудани шеъри ишқ хуш кардааст. Шеъраш паёми қиём дорад:
Эй ошно, суроғи мақоми ту омадам, Бо номи он Худо, ки ба номи ту омадам.
Дар ҳеҷ вазн вожаи қалбам наёфт ҷой, Эй шеъри ишқ, сайри низоми ту омадам!»
Шоири халқии Тоҷикистон устод Озар ҳамеша дар тасвири манзараҳои гуногун аз сабку услуби хоссае, ки ба худи ӯ мансуб аст, истифода мекунанд. Тавре устод Озар дар китоби худ «Ирфони ҳино» дар ғазали «Аз табори гул» менависад:
Чу аз табори гулу хеши навбаҳоронӣ, Бимон, ки гиря кунам дӯстдори боронӣ.
Ҳазор умед дар атрофии ишқ мечархад Ва ишқ даври ту, ки хуби рӯзгоронӣ.
Ба бегуноҳии хешу ба бепаноҳии хеш Шабеҳи ашк ба чашмони интизоронӣ.
Дилам ба пеши ту аз ҳар ғубор озод аст, Зулоли замзамаи оби чашмасоронӣ.
Хулоса мешавӣ, Озар, ба чанд қатраи ашк, Чу озарахш ту аз хайли сӯгворонӣ.
Тасвири ҳодисаҳо, ашёву манзараҳои гуногун ва нигоҳи шоиронаи ӯ, аз маҳорати баландаш дарак медиҳад. Ба ин вижагии эҷодашон устод Гулрухсор низ ишораҳо кардаанд:
«Озар бидуни шакку шубҳа шоир аст. Шоирона оламу одамро менигарад, шоирона зиндагиро аксбардорӣ мекунад:
Хабари марги кӣ дар ҳарфи тари борон аст?
Ки ба ҳар чиз нигаҳ сайр кунад, гирён аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё