Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баски такямаҳрумам, осмон шудам Озар, Аз ситораҳо ҳар шаб ашканҷуман дорам».
Дарвоқеъ, шеъри устод Озар аз нигоҳи фарогирии мавзуъ, сохтор, истифодаи санъатҳои бадеӣ, маҳорати тасвиргарӣ, мавзунии сухан ва дарёфти баёни шоирона аз дигар адибон фарқ мекунад. Ба ин хусусияти эҷоди шоир устод Гулрухсор низ ишора намуда, қайд кардаанд: «Китоби шоири ҷавонро бо диққат хондам. Шеъраш дар танӯри андешаву ҳанари шоирияш пухтааст. Ҳангоми хондани шеърҳояш дуруштии лаҳну харобии вазну қофия ғамгинам накард. Чӣ хубе! Шоирӣ сарнавишти мактабофар аст, на дарси маҳви бесаводӣ». Аз мутолиаи амиқи навиштаҳои Озар ба хубӣ эҳсос намудан мумкин аст, ки онҳо моҳияти сарнавишти миллату давлат, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, гиромидошти бузургону суханофаронро таҷассум мекунанд. Чунончи:
Ватан чу амр диҳад, ман итоаташ созам, Дарахтвор ба як пой хидматаш созам.
Дарахтвор кунам соя ошёни варо, Ниҳам ба дӯши худам бори осмони варо.
Дарахтвор ба поям ситода хоҳам мурд, Сарам ба пойи касе нониҳода хоҳам мурд.
В-агар фитода шавам, дастаи камон гардам, Силоҳи дӯст алорағми душманон гардам.
Устод огоҳона сарнавишти ин мардуми фарҳангиро ба қалам додааст, ки онҳо ҳамагӣ ба таҳкими худшиносиву худогоҳии миллии ҳар фарди ҷомеа таъсиргузор мебошанд.
Тавре Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор навиштааст: «Оне, ки доварона қалам ба даст гирифта, дарду шодии хешро дар ҷавшани сухани ноби форсии тоҷикӣ иддаои мардумӣ кардан дорад, бояд масъулиятшинос, муҳаррир, мунаққид ва хонандаи закиву нуктасанҷи нахустини хеш бошад. Хосса, дар давроне, ки хавфи чун колои якрӯза ба бозори бефарҳангӣ андохтани сухан вуҷуд дорад. Пухтани нони суханро аз кадбонувон бояд омӯхт. Ӯ зинҳор нони хому сӯхтаву хокистаролудро рӯйи дастархони мардум нахоҳад гузошт.

пешина
аз 194
навбатӣ