Дарахти Ватан

Хуш май хӯрам аз ду чашми мастат,
Хуш чашми ту хоб менамояд.
Ту меравие, дилам шавад об,
Сӯи ту шитоб менамояд.
Чашми ту дар об ҳам чи хушрӯст,
Дарё майи ноб менамояд.
Оғӯш кушо, ки ман бихонам,
Нохонда китоб менамояд.
Куштӣ ҳамарову навбати мост,
Ку он, ки ҳисоб менамояд?!
Моро бикушӣ, Худо бубахшад,
Кори ту савоб менамояд.
Дарёи тани ту мебарад ҳуш,
Дунё ҳама об менамояд!
Эй, меравие? Намеравие?!
Эй, меравие? Намеравие?!
Майлат, наравӣ, чӣ меравие?!
Як майда агар ки майл дорӣ,
Бархезу биё, ки меравие.
Мардум ҳама хӯрдаву ту мондӣ,
Эй, рафтаниӣ, ту меравие?!
Аз рафтани мо чӣ суд бошад?
Донӣ ҳамаро, намеравие.
Эй, рафта ҳама, куҷо расиданд?
Дар хона бишин, чӣ меравие?!
Ин обаки шӯх меравад хуш,
Мон, об равад, чӣ меравие?!
Хоби лаби об нозанин аст,
Рав хобаки хуш, чӣ меравие?!
Эй, банди камар чӣ танг бастӣ
Эй, банди камар чӣ танг бастӣ?
Эй, тасма чаро таранг бастӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё