Дарахти Ватан

Ку пеш биё, камар кушоем,
Бинем камар чӣ ранг бастӣ?
Бо даст нашуд, занем дандон,
Дониста магар ту танг бастӣ?
Сад бор дар он камар бимирам,
Хушрӯй камар таранг бастӣ.
Моро, ба Худо, ки мекушӣ ту,
Бисёр камар қашанг бастӣ.
Найранг чӣ ранг дорие ту,
Ин пайкари най чӣ ранг бастӣ?!
Мисли ту камар касе набастаст,
Ту дону Худо, чӣ ранг бастӣ?
Оҳ, аз дили ту ҳазор фарёд,
Оварда дилам ба чанг, бастӣ!
Эй, об чӣ мекунӣ дили мо?
Дар синаи худ чӣ санг бастӣ?
Мо зарди хунук шудем, ҳай-ҳай!
Ҳе, дил ба ягон мазанг бастӣ?!
Як бӯса чӣ буд, ба мо надодӣ?!
Як бӯса чӣ буд, ба мо надодӣ?!
Гуфтӣ, ки биё, биё, надодӣ.
Ҳар ду бари рӯи ту сиёе,
Эй рӯт сиё, сиё, надодӣ!
Гуфтем, Худои ҷон, диҳие,
Ту дону Худо, чаро надодӣ?!
Сад бӯса диҳанд меҳрубонон,
Як бӯса ту, эй бадо, надодӣ.
Эй, ғам, ба Худо, ки хӯрд моро,
Як бӯсаи ғамрабо надодӣ.
Кардем ҳазор бор зора,
Безор шудем, во, надодӣ.
Куштӣ бачаро барои бӯса,
Як бӯса чаро, чаро надодӣ?!
Як бӯса, худаш чӣ буд? Вое,
Мо мардуми бенаво, надодӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё