Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър

Сайёди Ғаффор шоирест бо сабки худ. Нигоҳи шоиронаи нармаш мехоҳад ба ҳар чӣ бингарад, шеъре бардорад. Равонӣ ва бардошти забони халқ, бозидоронии сухан ва додани маънии нав дар ин бозиро чун ҳунари шоирӣ дарёфтааст ва гӯшнавозу дилнавоз пешорӯи хонанда гузоштани ташбеҳу истиораҳои тозаро фарзи шоир донистааст.
Аз дари фаросати ҷомеагӣ рӯзҳои нохушу талхи бародаркуширо ба таронаҳои доғи халқӣ табдил додааст.

ДАРАХТИ ВАТАН

Косаи хун

Дили ман косаи хун буду шикаст,
Кас надонист, ки чун буду шикаст.

Барф бар сар дар сари хок

Барфро бишкаста рафтам ин пагоҳӣ,
Дасту по бишкаста рафтам ин пагоҳӣ.
Вой, рафтам ин пагоҳӣ дилшикаста,
Дар сафедӣ, дар сиёҳӣ дилшикаста.

Дар сафедӣ чашми ман мезад сиёҳӣ,
Мисли шабҳои Ватан мезад сиёҳӣ.
Дар сафедӣ бо сиёҳӣ менавиштам,
Аз ғаму дарди илоҳӣ менавиштам.

То мазори модарам худро кашидам,
То канори додарам худро кашидам.
Во, кашидам то баландӣ мурдаамро,
Эй Худо, донӣ ту заҳри хӯрдаамро.

Сӯхтам, дар барф дасту по такидам,
Дар сару рӯ барфи дунёро шакидам.
Сӯзиши дил, сӯзиши ҷонам нашуд паст,
Сӯзиши чашмони гирёнам нашуд паст...

Дил кашид, оҳ, аз ғами модар алуҷок,
Оҳ, теғи нолаам зад бар гулӯ чок.
Мисли додар барфитодам дар бари хок,
Барф мезад бар сари ман дар сари хок.

аз 162
навбатӣ