Дарахти Ватан

Падар
Дина ҳар сӯ беасо мерафт,
Чун суханҳояш расо мерафт, –
Гар ба ман аз гуфтааш чанде
Гоҳ-гоҳе дар ҳаво мерафт.
Мӯсафеди сарбаланди нағз,
Дасту бозуяш тавоно буд.
Кору бори нозанине дошт,
Мактаби нохонда доно буд.
Дар ҷаҳони худ чиҳое дошт
Мӯсафеди тоқи рустоӣ?
Тешаву номӯсу нанге дошт,
Солҳо мекард устоӣ.
Пир шуд, пир аз ғами бисёр,
Ҷанг бар ёдаш намеомад.
Сар ба хоки модарам мезад,
Оҳ, фарёдаш намеомад.
Хуш садои тешаи пои-ш
Мерасид аз хонаи мардум.
Чанд бори зиндагониро
Мегирифт аз шонаи мардум.
Чӯбҳоро ӯ забон медод,
Мешуданд аз нав дарахте сабз.
Гул ҳамебаст орзуҳоро,
Чанд кас медид бахте сабз.
Ҳай ғами бесарпаноҳиро
Кӯча-кӯча аз миён бардошт,
Бар касе гаҳвора мебахшид,
Аз дуо гулҳои пар-пар дошт.
Ҳай дареғи тешаи хубаш –
Ҳамзабони тахтаву чӯбаш,
Ин замон дар гӯшаи тоқ аст,
Ҳар гулаш мисли ғазал гӯё
Дар сарои аҳли қишлоқ аст.
Тешааш чун мурғи бебол аст,
Бо худаш гӯё ки ҳамсол аст.
Бар сараш дасти навозишро
Мебарад, худ гарчи беҳол аст.
Мекунад аз ғам ғазалхонӣ,
Дар деҳи мо як ғазалхон ӯст,
Ҳо, ғазалхони-ш ҳам хушрӯст.
Оби чашмаш мечакад чак-чак,
Боз ҳам бо ин ҳама дардаш
Дӯст дорад зиндагиро, дӯст.
Дар дилаш чандин ҳавас мурда,
Мисли кабки дар қафас мурда,
Монда сар дар сояи девор,
Захми тираш медиҳад озор...
Шикаст андар шикаст
Захм дар дил, оҳ бар лаб, об дар чашм
Модари ман, модари ман, модари ман буд.
Дида гирён, сина бирён, сӯз дар ҷон
Хоҳари ман, хоҳари ман, хоҳари ман буд.
Тир дар сар, тир дар бар, тир дар дил
Додари ман, додари ман, додари ман буд.
Хуни дил, хуни ҷигар, хун дар даҳан, вой,
Сар ба хоки раҳ падар андар бари ман буд.
Пошикаста, саршикаста, дилшикаста,
Хок бар сар, чок андар сина ман будам...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё