Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гаштем алов, сӯхтеме,
Дидӣ, ки чӣ гуна ов гаштем?!
Эҳ, ов шудему ови дарё,
Эй бин, ки чӣ гуна ов гаштем!
Серӣ бихӯр обу гӯй: ҳай-ҳай,
Хушрӯ чамани хушов гаштем!

Як бор маро, бигӯ, чӣ гуфтӣ?

Як бор маро, бигӯ, чӣ гуфтӣ?
Аз баҳри Худо, бигӯ, чӣ гуфтӣ!?
Не-не, ба Худо, Худо гувоҳ аст,
Ту дону Худо, бигӯ, чӣ гуфтӣ!?
Як бор нигар ба чашми ман рост,
Рӯи ту сиё, бигӯ, чӣ гуфтӣ?!
Дар сояи беди пушти хона,
Ҳо, хонаи мо, бигӯ, чӣ гуфтӣ!?
Ҳамсоя баҳона карду омад,
Тарсида, маро, бигӯ, чӣ гуфтӣ!?
Ҳамсоя бирафту ту нарафтӣ,
Гуфтам, санамо, бигӯ, чӣ гуфтӣ!?
Баргашта бигуфтие ба гӯшам,
Эй кушта маро, бигӯ, чӣ гуфтӣ?!
Майлӣ, ту нагӯ, дигар нагӯям
Як бор туро, бигӯ, чӣ гуфтӣ!?
Ку пеш даро, даро ба хона,
Кай пурсамато, бигӯ, чӣ гуфтӣ?!
Қандат бихӯру худат нагӯ, ку,
Эй бачча, маро бигӯ, чӣ гуфтӣ?!

Рӯи ту дар об менамояд

Рӯи ту дар об менамояд,
Ҳай об гулоб менамояд.
Хуш об хӯрию дар гӯлӯят
Хушрӯй гулоб менамояд.

пешина
аз 162
навбатӣ