Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мо намедонем, ки архив, дастнавис ва осори даҳҳо адибонамон дар куҷоянд»
(«Таассуроти ақлу дил, №4).
Ин ҳолати ногувор устодро водор мекард, ки дар бораи тақдири минбаъдаи китобхонаи хеш низ андеша намояд ва соли 1994, дар арафаи ҷашни 70-солагӣ, ба чунин фикр омад, ки дар маркази ноҳияи Муъминобод осорхонаи фарҳангӣ таъсис намояд, вале ҷомаи амал пӯшидани ин фикр вақти зиёд ва саргардониву пофишороиҳои пайдарпайро тақозо намуд. Дар арафаи ин ҷашни муборак, вақте ки Олимҷон Табаров аз ноҳияи Муъминобод ба хабаргириии амакаш меояд, устод Табаров ба бародарзодааш чунин маслиҳат медиҳад: «Олимҷон, чӣ мешавад, ки ҳама хешу табор ҷамъ шаведу дар маркази ноҳияи Муъминобод як биное созед, ки банда тамоми осори илмию фарҳангиямро (аз китобу дастхатҳо сар карда) ба он ҷо интиқол диҳам. Шояд, мардуми ноҳияи Муъминобод аз боигарии маънавии ман ҳам баҳраманд шаванд ва ба ин восита дар ноҳияи азизам боз як муассисаи фарҳангӣ арзи ҳастӣ намояд».
Олимҷон ҳам, ки мунтазири чунин маслиҳат буд, ба раиси Ҳукумати Муъминобод Ҷумъахон Сафаров ариза навишта, дархост мекунад, ки раис баҳри дар маркази ноҳия бунёд кардани осорхонаи адабиётшинос ва мунаққиди маъруфи тоҷик Соҳиб Табаров мусоидат намояд. Раис ин нияти некро дастгирӣ карда, ба хулосае меояд, ки бинои собиқи почта таъмир карда, ба Осорхонаи Соҳиб Табаров табдил дода шавад. Аммо ин андеша ҷомаи амал намепӯшад.
Баъди ба кор омадани раиси нави ноҳия Раъно Каримова (муаллима солҳои 2000-2005 ин вазифаро ба уҳда дошт) низ масъалаи Осорхонаи Соҳиб Табаров дар чанд ҷаласаи ҳукумати ноҳия мавриди баррасӣ қарор мегирад ва муаллима мутасаддиёнро водор мекунад, ки аз пайи дарёфти ҷойи мувофиқи осорхона шаванд. «Вақте ки дастгирии раисаро оид ба таъсиси осорхона ба домулло Табаров хабар додам, – мегӯяд Олимҷон,– домулло басо хурсанд шуд ва гуфт, ки осорхона «Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров»
номгузорӣ шавад. Баъд дар бораи хонаи бачагони ноҳияи Муъминобод дар солҳои 1932-34 асри гузашта сухан кард ва гуфт, ки: «Ҷойи хӯрокхӯриамон дар назди ҷойи ҳозираи лагери пионерӣ буд.

пешина
аз 148
навбатӣ