Муҳаққиқи соҳибмактаб

«ГАНҶИНАИ НАҚДИ
АДАБИИ СОҲИБ ТАБАРОВ»
Моҳи октябри соли 2006 дар ҳаёти адабиву фарҳангии ноҳияи Муъминобод воқеаи муҳим ба вуқӯъ пайваст. Дар маркази ноҳия иншооти фарҳангие бо номи «Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров» таъсис ёфт ва дар расми ифтитоҳи он меҳмонони зиёд аз адибон, олимон ва дигар намояндагони аҳли фарҳанги пойтахти ҷумҳурии азиз ва манотиқи гуногуни Тоҷикисон ширкат варзиданд. Устод Табаров ба муносибати ин чорабинӣ дар маҷлисгоҳи бинои Ҳукумати Муъминобод бо шукргузории зиёд сухан гуфта, аз ҷумла, чунин қайд намуд: «Махсусан банда ба сарвари Ҳукумати Муъминободам Сафаралӣ Зокиров ташаккуру эҳтироми худам ва хонаводаамро баён карданиям. Сафаралӣ Зокиров он кореро, ки ду раиси собиқи ноҳия аз соли 1994 то сли 2005 ба ҷо оварда натавониста буданд, дар муддати зиёда аз як сол ба ҷо овард.
Камина ва оилаам аз Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев сипосгузору шукргузор ҳастам, ки дар муддати се-чор соли охир сохтмни ин осорхонаро ба зери назорати худ гирифт ва дар ин кори фарҳангдӯстонаи ӯ мададгори асосияш мудири шуъбаи иҷтимоиёти Маҷлиси Олӣ муҳтарам Рамазон Ғозиев буд»
(Дафтари қайдҳо, № 1).
Дар ҳақиқат, вазъи ноҳинҷори нигоҳдории мероси хаттӣ ва чопии адибону олимони тоҷик солҳо боз хотири устод Табаровро озурда месозад. Устод сатҳи баланди ҳифозати китобхона ва бойгониҳои Пушкин, Л. Толстой, Достоевский, Чехов, Белинский, Некрасов, Горкийро ба назар меовараду аз вуҷуд надоштан ё қобили истифода набудани бойгониҳои аҳли қалами тоҷик афсӯс мехӯрад ва борҳо қайд кардааст, ки: «Дар Тоҷикистон архиви адабиёт ва санъат ташкил кардан лозим аст. Бе архив ҳеҷ як корамон пеш нахоҳад рафт.
Ҳаким Карим, Юсуфӣ, Пайрав, Сарвар ва даҳҳо дигар адибони мутаваффо инро исбот кардаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё