Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Устод Табаров гаштаю баргашта таъкид мекунад, ки тавассути бойгониҳои ҳукумативу шахсӣ шахсияти нафароне, ки ба миллати худ хизмати бедареғ намудаанд, муайян карда шавад ва ба ин муносибат масъалаи зарурати шаҷаранома ё насабномаро ба ҳар хонадон ба миён мегузорад: «Сад афсӯс ки мо – тоҷикони асри ХХ шаҷаранома ё насабнома надорем, чунонки ҳамаи мардуми мутамаддини олам, хусусан скандинавиҳо, чунин насабнома ё шаҷаранома доранд».
Умуман, «Таассуроти ақлу дил» аз ҷиҳати мавзӯъ, мундариҷа ва услуби баён басо ҷолиб ва пурмуҳтаво аст.
Дар дафтарҳои хотироти устод ҷараёни зиндагии пуршӯри як шахсияти огоҳдили фарҳангӣ бо тамоми паҳлуҳояш ҳувайдо мешавад. Зиёда аз ин, дар ёддоштҳо муҳити адабии давр, нишастҳои эҷодӣ, маросимҳо, урфу одат ва суннатҳои мардумӣ низ хотирмон таҷассум ёфтаанд. Дар яке аз нишастҳои хоссаи адибон Муъмин Қаноат олими ҷавон – Аълохон Афсаҳзодро ба Мирзо Турсунзода шинос мекунад.
Устод Турсунзода мегӯяд: «Номи нав – Аълохон ва қадимаи адабӣ – Афсаҳзод бо ҳам як омадаанд, –ва меафзояд. – Дар солҳои 30-юм номҳои нав, револютсионӣ чун Мэлс, Энергетика, Октябр… пайдо шуданд. Самад Ғанӣ писарашро Октябр ном кард. Калонтар, ки шуд, ҳар вақт дар ҳавлӣ ягон бетартибӣ мекард, модараш аз тирезаи ошёни дуюм сар бароварда: – Ҷавонимарг шавӣ, Октябр, Ту куҷоӣ, Октябр?
Мур, Октябр, – гуфта писарро танбеҳ медод. Самад Ғанӣ маҷбур шуд, ки номи писарашро дигар кунад. Ӯро Ӯктам ном гузошт».
«Таассуроти ақлу дил» чун маъхази муҳимми фарҳангӣ ба «Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров» зебу фарр мебахшад.

пешина
аз 148
навбатӣ