Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Таъсире, ки дар ақлу шуури устод Табаров аз тамошои мусаввараи «Писари пушаймоншуда»-и Рембранти голландӣ (дар Эрмитажи Ленинград) ба вуҷуд омадааст, аз зеҳни тез, диди фарох ва маҳорати санъатшиносии эшон дарак медиҳад. Дар бардошти устод мундариҷа ва ғояи инсонпарваронаи ин шоҳкорӣ басо амиқ таҷассум ёфтааст: «Падар чӣ қадар шахси муқаддасу ғамхору меҳрубонест: писарро, чӣ кора, чӣ навъе бошад, дӯст медорад, аз гуноҳи ӯ мегузарад. Писари бетаҷриба, қайсар ва гапногиру роҳгумкарда ва падари пири авфкунанда. Рангҳо, рӯҳия, ҳолати психологӣ дар чашми ҳар кас ашк ва дар дил ғаму андӯҳи чуқуре ба вуҷуд меоранд. Рӯҳ, дил, ақли падару писар дар ҳар як штрихи ин сурат намоён шуда меистад.
Инсон, инсонро дӯст дор! Одам, Одам шав! Каси хато кардаро ба чоҳи адам тела мадеҳ, ислоҳаш кун, роҳи дурусташ нишон деҳ! Дар сахтӣ, азобу машаққат меҳрубонӣ, ғамхорӣ зоҳир кун! Ба азоби Одам наханд, тамасхур макун!
– чунин чизҳоро, чунин мақсадро, чунин идеяро хондам аз ин шоҳи суратҳои Рембрант».
Аз хотироти устод Табаров садоқат ва муҳаббати сӯзон ба Ватан ва мардуми кишвари азизаш ҳамвора эҳсос мегардад. Эшон ҳар комёбӣ ва пешрафти фарҳангии халқашро бо шодиву фараҳ пешвоз мегирад ва бисёр мехоҳад, ки халқи тоҷик дар дунёи мутамаддин соҳиби мавқеву манзалати хоса бошад. Муҳим он аст, ки устод ба ояндаи неки фарҳанги кишвараш боварӣ дорад. 29 октябри соли 1968 устод чунин қайд дорад: «Орзу дорам, ки чун «Спартак», «Отелло», «Евгений Онегин» опера ё балете дар мавзӯи фоҷиаи падару писар, ки адабиёти олам мислашро чун Рустам ва Суҳроб надидааст, ба вуҷуд ояд. Инчунин асари мусиқӣ, ки аз дасти композитори типи Чайковский, Рахманинов, Прокофев, Хачатурян, Қара Қараев пайдо гардад, асар зинда мемонад. Ку композиторе, ки «Рустам ва Суҳроб»-и безаволро ба вуҷуд орад. Албатта, чунин рӯз хоҳад расид».
Дар «Таассуроти ақлу дил» аз арбоби намоёни сиёсиву фарҳангии ватаниву хориҷӣ ва шахсиятҳои машҳури ин диёр номҳои бисёре зикр гардидааст, ки, мутаассифона, бар асари беэътибории наслҳои баъдина баъзе аз онҳо аллакай аз ёдҳо рафтааст.

пешина
аз 148
навбатӣ