Муҳаққиқи соҳибмактаб

Мо саҳар, нисфирӯзӣ ва бегоҳӣ он ҷо рафта хӯрок мехӯрдем ва азбаски ман мелангидаму омадурафт бароям душворӣ мекард, акоям Мирзоназар аз ошпазҳо илтимос мекард, ки гоҳ-гоҳ маро дар ошхона иҷозати хоб кардан диҳанд ва ман баъзе вақт дар назди оташдони ошхона мехобидам».
Муаллима Раъно Каримова, вақте ки аз ин ёдоварии устод Табаров иттилоъ меёбад, қарор медиҳад, ки «Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров» дар ҷойи ҳамон ошхонаи таърихӣ, ки дар солҳои душвори зиндагӣ як қисмати бачаҳои муъминободӣ дар он ба ғизо таъмин мегардиданд, сохта шавад ва бошад, ки имрӯз аҳолии ноҳияи Муъминобод аз ин ганҷина ғизои маънавӣ бардоранд.
Ҳамин тариқ, бо саъю талоши мунтазами устод Табаров, дастгирӣ, мусоидат ва назорати Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсайид Убайдуллоев ва масъулияту эҳсоси баланди фарҳангдӯстии раисони ноҳияи Муъминобод, хосса Сафаралӣ Зокиров, дар шафати боғи марказӣ ҳашт сол пеш бинои хуштарҳу зебое бо номи «Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров» бунёд гардид.
«Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров» аз саҳни ҳавлӣ таваҷҷуҳи бинандаро ба худ ҷалб мекунад. Байти:
Илм танро ба ҷои ҷон бошад,
Сари беилм бадгумон бошад, –
ки дар тарафи рости даромадгоҳи бино бо ҳарфҳои барҷаста сабт гардидааст, касро ба олами илму фарҳанг ҳидоят менамояд. Бино аз долон ва се ҳуҷра – хонаи кори мудири «Ганҷина…», китобхона ва қироатхона иборат аст.
Суханҳои ҳикматнок, расмҳои алоҳидаи хурду калон ва суратҳои ҳамҷояи устод Табаров бо Президенти Мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, устод Табаров ва аҳли оилаи ӯ бо донишмандон, ҳамкорон ва шогирдон дар девори ҳуҷраҳо ба бинанда таассуроти амиқ мебахшад ва эҳсос мекунад, ки шахсиятҳои барҷастаи ба китобу қалам дил додаро, иншоаллоҳ, умри абад насиб бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё