Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва ҳамин файзи китобхонӣ буд, ки устод мактаби миёнаро дар ҳафт сол ва Донишгоҳи омӯзгории Душанберо дар се сол хатм кардааст.
Умуман, Китобхонаи ба номи Фирдавсӣ чун муассисаи сеҳрнок ҳастии устодро батамом фаро гирифта буд ва ҳаракат мекард, ки ягон китоби арзишманду пурмуҳтаво аз назари эътибори ӯ дур намонад. «Китоб ва китобхона дӯстони ҷонии ман мебошанд, маро ягон сол дар китобхонаи олиҷанобе ҳабс карда монанду аз ҳавои он нафас кашам ва аз китобҳо ғизо гирам… Банда худамро бе китобу бе китобхона мурда меҳисобам», – қайд кардааст устод дар дафтари № 4 «Таассуроти ақлу дил» 5 феврали соли 1969.
Бинобар ин, ҳангоми кору фаъолият дар муассисаҳои илмиву таълимӣ низ андаке фурсат меёфт, дарҳол ба китбхонаи ба номи Фирдавсӣ мешитофт ва ӯро кормандони китобхона чун узви Шӯрои илмӣ аз дарбон сар карда, то роҳбари муассиса гарм истиқбол мегирифтанд ва дархосташро зуд ба ҷо меоварданд. Устод ба унвони «Хонандаи фахрии Китобхонаи илмии Тоҷикистон» № 1 сарфароз гардидааст.
Устод Табаров бародари шоир Ҳабиб Юсуфӣ – Абдулло
6 Юсуфовроdb[Zt^bZg]b;mamj]b<ZlZg6 ба Душанбе омада, як муддат дар шуъбаи дастхатҳои Китобхонаи ба номи Фирдавсӣ кор мекунад, муаллими худ дар масъалаи омӯхтани хатти арабиасоси тоҷикӣ медонад. «Ман ҳар рӯз вақт ёфта ба шуъбаи дастхатҳои китобхона мерафтам ва аз Абдулло Юсуфов тарзи навишту хондани хатти арабиро меомӯхтам, – ба ёд меорад устод, – баъд ӯ баъзе китобҳоро дикта мекарду ман менавиштам. Аз ҷумла, асарҳои Фитратро ман бо ёрии ӯ (ҷояш ҷаннат бошад) навишта гирифтам».
Устод дар «Таассуроти ақлу дил», чун Абдулло Юсуфов, аксари кормандони ин китобхонаи бонуфузро бо некӣ ва сипос ёд мекунад: «Мамлакат ном зани куҳансоле дар

6 . «Бародари калони Ҳабиб Юсуфӣ Абдулло Юсуфов саводи комили арабӣ дошта, дар мактабҳои Душанбе забони арабӣ дарс медод, соли 1970 вафот кард» (Раҳим Ҳошим).

пешина
аз 148
навбатӣ