Муҳаққиқи соҳибмактаб

даромадгоҳи ин китобхона ҳаст, ки ӯро аз солҳои ҷанг боз мешиносам, чунон инсон, чунон меҳрубон, чунон хушмуомила аст, ки тимсолаш кам аст. Ирина Осип Телман-ку яке аз куҳнатарин шиносҳоям мебошад. Аз ӯ куҳнатар Қосимова буд, ки ба нафақа баромад. Вай апаи Ғанӣ Абдулло аст. Зани нависанда Ҷалол Икромӣ – Саодат-апа ҳам қадрдони қадимаи банда мебошад. Фофанова бошад, ким-кай ба нафақа баромадааст. Онҳо ҳама библиографанд, ҷони одаманд».
Устод Табаров нисбат ба китобхонаҳои ба номи Ленин ва БАН (Китобхонаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ) камтар китоб доштани китобхонаи ба номи Фирдавсиро қайд мекунад, вале таъкид медорад, ки одами китобхон аз ин махзани илму маърифат низ барои тамоми умраш беҳтарин китобҳоро ёфта метавонад. Ва таҷрибаи китобхонии худи устод Табаров тасдиқи ин фикр аст: «Имрӯз,–ишора шудааст дар «Таассуроти ақлу дил» 6 январи соли 1969, – ними рӯз дар Китобхонаи ба номи Фирдавсӣ будам ва чизҳои даркориро аз назар гузаронидам – Киршон, Хименгуэй, Макаров, Шагинян, Фадеев, Шкловский, Пруст, Эсхил ва ғ.».
Мумкин аст чунин савол ба миён ояд, ки Соҳиб Табаров китобҳои зиёди илмию бадеии сатҳи ҷаҳониро ба кадом забонҳо мутолиа мекунад ва устод ғайр аз забони модарӣ ва забони русӣ, ки ҳукми забони муоширати умумииттифоқиро гирифта буд, боз кадом забонҳоро медонад? Вақте ки дафтарҳои «Таассуроти ақлу дил»-ро варақ мезанем, майлу рағбат ва андешаи устодро ба забону забондонӣ басо равшан мушоҳида мекунем.
Ва боз амиқ дарк менамоем, ки яке аз рукнҳои муҳимми оилаи зиёӣ ва бомаърифат забондонӣ мебошад: «Хубаш, ки ҳам ба забони маҳбубу дӯстдори модариам, ҳам ба забони русӣ, ҳам ба забони форсӣ, ҳам ба англисӣ хонам, – қайд кардааст устод 29 августи соли 1969. – Аммо ҳар кас қобилият надорад, ки чун Шагинян полиглот (касе, ки аксари забонҳои бонуфузи дунёро медонад- А.К.) бошаду ҳамаи асарҳои заруриро дар оригиналаш хонад. Полиглот шудан ба ман барин одами кундзеҳн амри маҳол аст. Ман асосан бо забони лазизи модариям ва русӣ мехонам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё