Муҳаққиқи соҳибмактаб

Устод Табаров дар хотимаи дафтари № 4-и «Таассуроти ақлу дил» нияту моҳияти рӯзноманависиро чунин шарҳ додаст: «Ин дафтарҳои ман рӯзномаи беистам ҳастанд ва чунин рӯзҳоро ман ворӣ ҳазорҳо ҳазор тоҷикони асри ХХ шаборӯз аз сар гузаронидаанд. Ман ҳам он «сосед» (шахси тоқа) ҳастам, ки заррае аз «все человечество» (тоҷикони асри ХХ) ҳисоб меёбам. Ман фақат чизҳои худам аз сар гузаронидаамро бе сохтакорӣ ба қалам додам ва ғояҳоямро, андешаҳои шахсиямро ифода кардам».
Вале ин саргузашт ва андешаҳои шахсӣ, ки аз ҷониби як олими маъруф баён гардидаанд, аксаран, хусусияти иҷтимоӣ ва рӯҳи таълимиву ахлоқӣ пайдо карда, ба инкишофи тафаккури мардуми тоҷик дар асри ХХ1 низ саҳми муносиб мегиранд. Устод Табаров дар зиндагӣ як шиор дорад: «Фақат меҳнат, меҳнат ва меҳнат!» ва ин шиор, чи хеле ки аз «Таассуроти ақлу дил» бармеояд, аз тарзи ҳаёти худи домулло сар задаст.
Устод, ки меҳри китобхонӣ тавассути муаллимони аввалинаш дар омӯзишгоҳҳои Самарқанд, Панҷакент ва Кӯлоб дар дилаш маҳкам ҷой гирифта буд, ҳангоми донишҷӯӣ дар пойтахти кишвар тақдири худро ба китобхонаи ба номи Фирдавсӣ басо мустаҳкам пайваст намуд, ба дараҷае ки ин махзанро «хонаи дуюм ва ҳатто хонаи зиндагии худ» мешумурд. Устод дар як вохӯрӣ ба кормандони китобхонаи ба номи Фирдавсӣ оид ба тарзи истифодааш аз китобҳо суҳбат карда, гуфт, ки аввал зиёдтар аз энсиклопедияҳо истифода мебурд ва ба муносибати рӯзи таваллуди бузургони адабиёт, чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Л.Толстой, Чехов, Горкий…, мақолаҳо менавишт. «Вақте ки соли 1939 И.В.Сталин 60- сола шуду ба ин муносибат аввалин унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистиро гирифт, дар донишгоҳҳо стипендияи сталинӣ ҷорӣ гардид ва банда барандаи стипендияи сталинӣ шудам. Дигар танҳо китоб мехондаму китоб мехондам, кори дигар надоштам».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё