Муҳаққиқи соҳибмактаб

Илм танро ба ҷои ҷон бошад,
Сари беилм бадгумон бошад.
БОБИ 3.
РӮЗНОМА ВА ОСОРХОНАИ С.ТАБАРОВ
НИГОҲЕ БА «ТААССУРОТИ АҚЛУ ДИЛ»
Агар кас дар суҳбати устод Табаров ширкат дошта бошад, беихтиёр байти соҳибқирони шоирони форсу тоҷик
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ёдаш мерасад, ки гуфтааст:
Тан-т яку ҷон якеву чандин дониш,
Эй аҷабо, мардумӣ ту ё дарё?
Дар ҳақиқат, Соҳиб Табаров бо мутахассиси соҳаи забон чун забоншинос, бо мутахассиси соҳаи таърих чун муаррих ва ба мутахассисони соҳаи табиат чун табиатшинос суҳбат мекунад ва сирри чунин дониши амиқу фарогири устод, алалхусус, аз дафтарҳои қайдҳои илмӣ, конспектҳо ва хотираҳои эшон басо равшан ошкор мегардад.
Банда ҳафт дафтари қайдҳои илмӣ ва конспектҳои устод Табаровро, ки дар соли 1965 навишта шудаанд, варақ задам.
Дар онҳо маводе ҷой дода шудаанд, ки дар рӯзнома ва маҷаллаҳои дар китобхонаҳои мамлакат маҳфузбуда дарҷ гардида, ба корҳои илмӣ ва таълимии устод иртибот доранд.
Устод дар охири дафтари № 7 чунин қайд дорад: «Работая и собирая материалы по ист. тадж. сов. лит. в газетном зале Госуд. публич. библиотеки им. Ленина с 6 окт. По 17 ноября 1965 г. со стороны сотрудников отдела всегда чувствовал доброе отнощение, получал все необходимые помощи».
Устод инчунин аксари рӯзнома ва маҷаллаҳои дар Китобхонаи давлатии ба номи Фирдавсӣ маҳфузбударо, чун «Самарқанд», «Ойина», «Ҳуррият», «Овози тоҷик», «Бедории тоҷик», «Бигиз», «Тоҷикистони сурх», «Комсомоли Тоҷикистон», «Ҳақиқати Ӯзбекистон», «Барои маорифи коммунистӣ», «Пролетари Хуҷанд», «Литературная газета», «Литературный Узбекистан», варақ зада, хабару мақолаҳои муҳимму заруриро, то ки ҳангоми истифода ғалате рух надиҳад, ба эътибори кулли маълумот қайд мекунад: «Пролетари Хуҷанд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё