Муҳаққиқи соҳибмактаб

№ 58(134). 2 июли 1931. Саҳифаи адабиёти нафис, № 14. Лоҳутӣ: «Орзу дорам, ки пас аз мурдан бадани маро дар кремотурӣ бисӯзонанд. Устухонҳои маро дар шиша карда, ин ғазалро рӯи он бинависанд:
Оташ агарчи сӯхт тани нотавони ман,
Гул кард ишқу монд ба ҷо устухони ман.
Фонӣ шавад замонаву хомӯш намешавад
Он шуълаҳо, ки ҷаста бурун аз даҳони ман».
Чун порчаи боло, ҳамаи қайду шарҳҳои дар дафтарҳои қайдҳои илмӣ ва конспектҳои устод Табаров ҷой гирифта, дорои қимати калони илмӣ ва ҷанбаи таърихиву ҳуҷҷатӣ мебошанд.
Устод Табаров, чи хеле ки дар суҳбат ба рӯзноманигор Абдулқодири Раҳим иброз доштааст, ба навиштани хотираҳо аз охирҳои солҳои сиюм, аз айёми донишҷӯӣ, оғоз менамояд ва дар аввал ёддоштҳояш бо номи «Дафтари хотира» сабт мешаванд. Баъдҳо, аз соли 1968, сабти хотироти домулло бо номи «Таассуроти ақлу дил» дар дафтарҳои 96-варақа идома меёбад. Соли 2007 ба саволи А.Раҳим «ҳоло «Таассуроти ақлу дил» чанд дафтар шудааст?» устод ҷавоб медиҳад: «100 дафтар». Албатта, баъдҳо ба сабаби заъфи пирӣ ва бемории пай дар пай рафти китобати хотирот сусттар гардид. Бо вуҷуди ин устод ягон вақт қайд намудани хотираҳояшро қатъ накардааст ва ҳоло дафтари 118-уми «Таассуроти ақлу дил» дар арафаи анҷомёбист.
Устод Табаров дар ҳама ҷо ва дар ҳама ҳолат хотираҳояшо рӯи коғаз меорад. Аз ин ҷиҳат як ёддошти нависанда Абдулҳамиди Самад оид ба хотиранависии устод басо ҷолиб аст. 29 июни соли 1995 як зумра адибону олимон, аз ҷумла устод Табаров, барои ширкат дар ҷашни 50- солагии Ҳабибулло Файзулло ба мавзеи Ховалинг сафар мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё