Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Адабиёте, ки ба ҳолнома ва фаъолияти илмию омӯзгории устод Табаров бахшида шуда ё қисман дахл кардаанд, 246 номгӯйро ташкил додаанд.
Ҳамин тариқ, осорномае, ки аз тарафи шуъбаи библиографияи миллии Китобхонаи миллии Тоҷикистон (мураттиб сардори шуъбаи библиографияи миллӣ Иброҳимова Сабоҳат, муҳаррир профессор Аламхон Кӯчаров, бо сарсухани доктори илмҳои филологӣ Шамсиддин Солеҳов) бахшида ба ҷашни 90-солагии устод Табаров таҳия ва чоп гардид, басо мукаммал ва муназзам буда, аз як тараф, фаъолияти серсоҳа, бомаром ва пурсамари адабиётшиносӣ, мунаққидӣ ва омӯзгории донишманди шинохтаи тоҷикро басо равшану возеҳ инъикос намояд, аз тарафи дигар, ба муҳаққиқону суханшиносон дар омӯзишу тадқиқи осори ин шахсияти барҷаста имконияти васеъ фароҳам меоварад.

пешина
аз 148
навбатӣ