МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Дар куҷое сорбони рўдборон
Мекашад қофилаи ёди туро
Аз дили ман то дили ман
Бо раҳи беинтиҳои хуни шарён.
Дар куҷое синакўбон
Аз паси тобути абре, ки шамолаш мебарад,
Сад мани бе туст пўён,
Сад мани бе туст гирён.
Дар куҷое ҳар замон
Мезанад гугирд барқе
Дидаҳои осмоние ба ранги дидаҳоят
Дар дили шаб чашмакиям мезанад.
Рўшание мефитад бар равзани зиндони дил,
Озарахше бар уфуқи дидаи ҷон.
ШЕЪРИ ГИРЯ
Худовандо,
Чӣ мешуд, гар зи рўи меҳр
Дари васлам ба рўи асл бикшоӣ,
Таманное ба уқбоям бубахшоӣ,
Ки ин дунё наарзад бар таманное.
Худовандо,
Чи мешуд, гар давоти дидаамро
Ранги илҳомат кунад саршор,
Ки бо килки мижа шеъри равони гиря бинвисам
Ба рўи сафҳаи рухсор.
Худовандо,
Чӣ мешуд, гар гули истораҳои оби чашмамро
Ба боғи бумиёни олами маънӣ ҳамекиштӣ,
Гули табъам, ки дигар аз ҷаҳони обу гил нашкуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё